Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов — муассисаи таълимоти олии мусиқӣ дар ш. Душанбе.

Таърих[вироиш]

Консерваторияи миллии Тоҷикистон с. 2003 дар заминаи ду факултет – иҷрокунандагӣ ва мусиқии тоҷик таъсис дода шуд. Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар давраи аввал аз 2 факулта – иҷрокунандагӣ ва мусиқии тоҷик иборат буда, аз рӯи ихтисосҳои овозхони академӣ, дирижёри хор, созҳои оркестрӣ, фортепианои махсус, созҳои халқӣ, сарояндагони анъанавӣ, эстрадаву коргардони овоз ва ғ. мутахассисони дараҷаи олиро тайёр менамояд. С. 2009 Консерваторияи миллии Тоҷикистон номи Т. Сатторовро гирифт.

Устодони консерватория[вироиш]

Пианинонавозон Н. Обидова (мудири кафедра), В. Латипова, Д. Ҳакимова, созҳои оркестрӣ Р. Сангинов, Ю. Саодатов (скрипка), С. Дурмишев (гобой), Б. Меробов (тромбон), овозхонон Бурҳон Маҳмадқулов, (мудири кафедра) Оят Сабзалиева, Х. Латипов, назарияи мусиқӣ Суръат Халилов, Заррина Миршакар, Қудратуллоҳ Яҳёев, Лола Толис (Пӯлодова), Ф. Улмасов, созҳои халқӣ Ҷ. Обидпур (мудири кафедра), Амирбеки Мусо, Қ. Ёқубов, А. Матхолов, мутрибони анъанавӣ Қ. Қурбониён (мудири кафедра), овозхонони анъанавӣ М. Эргашева, А. Абдуллоев (мудири кафедра), дирижёри хор Т. Соҳибов (мудири кафедра), М. Саидов ва дигарон аввалин омӯзгорони Консерваторияи буданд. Аввалин ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон композитор Талабхӯҷа Сатторов буд (2003-2007). Сипас, Раҷабмад Амиров ва Фароғат Азизӣ ба ҳайси ректори Консерватория кор кардаанд.

Факултаҳо[вироиш]

Айни ҳол (2017) дар Консерваторияи 3 фак-та: иҷрокунандагӣ, мусиқии тоҷик ва эстрадӣ, дастаҳои ҳунарӣ аз қабили оркестри симфонии донишҷӯён, оркестри созҳои халқии донишҷӯён, ансамбли шашмақомхонон, фалаксароён мутрибони фалакнавоз ва мутрибони мақомнавоз амал мекунанд. Консерваторияи дорои китобхона, хобгоҳ барои донишҷӯён ва кабинетҳо мебошад. Донишҷӯён дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона таҳсил мекунанд.[1]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.167-168. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)