Корбар:Jamshed1993/Сиёҳнавис

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
                                                   Меҳрпарастӣ

Меҳрпарастӣ ё митраизм, ойини қадимаи тозардуштии халқҳои ҳиндуэронӣ. Меҳрпарастӣ дар байни мардумони ҳиндуэронӣ густариш ёфта, сипас ба фарҳанги халқҳои Шарқи Наздику қисман Аврупо, махсусан ба Рум интиқол гаштааст ва то садаи 4-уми мелодӣ мақому пайравони худро доштааст. Дар замонҳои хеле қадим, ки қавмҳои ориёӣ дини митроизм ё меҳрпарастӣ доштаанд, Митра ҳамчун худои осмони пурнур парастиш мешуд ва яздони бузургу муқтадир ба шумор мерафт. Меҳр эзаде аст ҳиндуэронӣ, ки номи ў дар ҳиндӣ маънои «дўст»-ро дорад ва дар Авесто ба маънои «паймон» ва дар форсӣ ба маъноӣ дўстӣ ва хуршед аст. Меҳр дар Авесто дар шакли “Митра“ – эзади фурўғу рўшноӣ ва паймоншиносиву садоқат дучор мешавад. Пас аз зуҳури Зартушт ва пайдоиши кеши маздоясноӣ ё худ зартуштӣ мавқеи Меҳр ба тадриҷ таназзул меёбад. Яъне ў аз мақоми худованди офаридгору пурқудрат ба эзади иҷрогар табдил меёбад. Бисёр сифатҳову афрўзаҳои Меҳр ба худои ягонаи офаридгори зартуштӣ – Аҳура Маздо нисбат дода мешавад. Аммо тасвири ў дар Авесто аз тавсифу ситоиши дигар эзадон бештар ба назар мерасад. Хешкорӣ ва ё вазифаи ў назорат кардани паймоншиносӣ ва садоқат ба қавлу аҳд мебошад. Ҳар касе аз мардумон агар ба аҳдашон вафо накунанд ва паймон шикананд, онҳоро “меҳрдуруҷ” ва ё “меҳрфиреб” меномиданд. Меҳрдуруҷон ба хашми эзад Меҳр гирифтор мегаштанд. Агар хонахудо ё деҳхудо ё шаҳрбон ё шаҳриёр меҳрдуруҷ бошад, Меҳри хашмгини озурда, хонаву деҳу шаҳру кишвару бузургони хонавода ва сарони рустову сарварони шаҳру шаҳриёрони кишварро табоҳ кунад. Ба бадгўёну дурўғгўён ва аҳдшиканҳо Меҳр ҷазои бад дода, ба мардуми росткору парҳезгор подоши нек ва пирўзӣ мебахшид. Митраизм ё меҳрпарастӣ дар даврони шоҳаншоњии ашкониён ҳамчун ойини комили ахлоқӣ аз ҳудуди Эрону Осиёи Миёна фаротар рафта, дар Шарқи наздик ва Аврупо низ паҳн шуда буд. Чунончи, император Константин қабл аз қабули масеҳият пайрави ойини Меҳр буд. Аз баски Меҳр худои аҳду паймон ва садоқат ҳисоб мешуд, аз ҷиҳати ахлоқӣ ба табиати сипоҳиён мувофиқ буд. Аз ин рў сарбозони римиро ба номи Меҳр савганди паймону вафодорӣ медоданд, то ки ба давлату ватани худ содиқ монад. Дар императории Рум Меҳрро ҳамчун нигаҳбон ва ёрирасони лашкар медонистанд. Аз ойини меҳрпарастӣ то ба имрўз баъзе ҷашнҳову маросимҳо, бовару эътиқодот ва одатҳои суннатие дар фарҳанги кунунии мардумони эронитабор дар шаклҳои гуногун боқӣ мондаанд, ки бузургтаринашон ҷашни Меҳргон, Шаби Ялдо, Шаби чилла, Сада ва амсоли инҳо мебошанд.

Адабиёт: Раҳимов Д. Меҳрпарастї // Донишномаи фарҳанги мардум. –Душанбе, 2015. Раҳимов Д. Нигоҳе ба ҷашнҳои миллӣ ва ойинҳои суннатии тоҷикон. Д., 2011; Ҳазратқулов М. Эътиқоду анъанаҳои бостонии Аҷам. Д., 1986. .