Корманди давлатӣ

Корманди давлатӣ (civil servant ё public servant) шахсест, ки аз ҷониби як идора ё ташкилоти давлатӣ барои фаъолият дар бахши давлатӣ ба кор гирифта мешавад. Кормандони давлат барои ҳукуматҳои марказӣ ва минтақавӣ (ё иёлатӣ) кор мекунанд ва ба давлат ҳисобот медиҳанд, на ба як ҳизби сиёсӣ.[1][2]
Хадамоти кишварӣ, хадамоти умумӣ, хадамоти ҳамагонӣ ё хадамоти шаҳрвандӣ (ба англ. Civil service) — истилоҳи ҷамъиест барои бахше аз давлат, ки асосан аз кормандони давлатии ба кор гирифташуда иборат мебошад; онҳое ки ба вазифаҳо таъйин ё интихоб мешаванд ва муҳлати фаъолияти ниҳодии онҳо одатан ҳатто пас аз иваз шудани роҳбарияти сиёсӣ ҳам боқӣ мемонад.
Корманди давлатӣ дар Тоҷикистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Ходими давлатӣ - шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мансаби давлатии хидмати давлатии музднокро дар асоси касбӣ бо мақсади таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ ишғол намудааст;
Ходими давлатии сиёсӣ - ходими давлатӣ, ки фаъолияти ӯ ба сиёсати умумидавлатӣ вобаста аст ва барои дар амал татбиқ намудани сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад;
Ходими давлатии маъмурӣ - ходими давлатӣ, ки ӯҳдадориҳои мансабии ӯ ба таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ, мансабҳои сиёсии хидмати давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ равона шудааст.[3].
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Манбаъ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007, №3, мод. 166;
- соли 2007, №6, мод. 429; с.2010,№3,мод. 158; с.2011, №6, мод. 452; Қонуни ҶТ аз 01.08.2012с., №900, 28.12.2012с. №914, Қонуни ҶТ аз 22.02.2013 №1016с.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ UK Civil Service - Definitions - What is a Civil Servant?. civilservant.org.uk. 5 ноябри 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 октябри 2019.
- ↑ Managing Conflict of Interest in the Public Service - OECD. Organisation for Economic Co-operation and Development (OECD) (2005). 9 Декабри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 августи 2019.
- ↑ Қонуни ҶТ Дар бораи хидмати давлатӣ. Б.1. Мод. 1. Мафҳумҳои асосӣ. 9 июли 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 ноябри 2016.