Jump to content

Корманди шоистаи Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Корманди шоистаи Тоҷикистон — унвони фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони истеҳсолоти моддӣ ва соҳаҳои ҳуқуқ, иҷтимоӣ, фарҳанг, маориф, воситаҳои ахбори омма, хидмати давлатӣ, ки ба натиҷаҳои баланди меҳнатӣ ноил гаштаанд, дар соҳаи худ 15 сол ва бештар кор кардаанд ва чун қоида, бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд, дода мешавад.[1]

Ба шахсоне, ки сазовори унвонҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштаанд, шаҳодатнома ва нишони сарисинагӣ супорида мешавад. Нишони сарисинагӣ бо тасма дар тарафи рости сари сина овехта мешавад.[2]