Кортина-д’Ампетсо
| Шаҳр | |||||
Кортина-д’Ампетсо | |||||
|---|---|---|---|---|---|
| (итол. Cortina d'Ampezzo) | |||||
| | |||||
|
|||||
| Кишвар |
|
||||
| Минтақа | Венето (вилоят)|Венето | ||||
| Провинсия | Беллуно (провинсия)|Беллуно | ||||
| Мэр | Ҷанлука Лорентси | ||||
| Таърих ва ҷуғрофиё | |||||
| Номҳои пешина | (олмонӣ: Petsch-Hayden) | ||||
| Масоҳат | 254.51 км² | ||||
| Баландии марказ | 1224 м | ||||
| Минтақаи замонӣ | UTC+1:00, тобистон UTC+2:00 | ||||
| Аҳолӣ | |||||
| Аҳолӣ | ▼ 5403[1] тан (05.02.2026) | ||||
| Зичӣ | 21.23 тан/км² | ||||
| Шиносаҳои ададӣ | |||||
| Пешшумораи телефон | +39 0436 | ||||
| Нишонаи почта | 32043 | ||||
| Коди мошин | BL | ||||
|
|
|||||
| comune.cortinadampezzo.bl.it (ит.) | |||||
|
|
|||||
Кортина-д’Ампетсо (итол. Cortina d'Ampezzo, итолиёвӣ: [korˈtiːna damˈpɛttso]) — шаҳраке дар бахши Алп, провинсияи Беллунои вилояти Венето дар шимоли Итолиё мебошад. Ба хотири доштани тафреҳгоҳи лижаронӣ хеле маъруф аст. Ин шаҳр "Бозиҳои олимпии зимистона 1956" ва дар якҷоягӣ бо шаҳри Милан "Бозиҳои олимпии зимистона 2026"-ро мизбонӣ кардааст.
Кортина-д’Ампетсо бо табиати зебо, меҳмонхонаҳои боҳашамат ва мусобиқаҳои байналмилалии лижаронӣ машҳур аст.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар даврони Имперотурии Рум ҳудуди кунунии Кортина-д’Ампетсо бахше аз Галлия Сизалпино буд. Нахустин ёдоварии хаттӣ ба ин маҳал бо номи Ampicium Cadubri (итол. Ampezzo del Cadore) ба санаи 15 июни соли 1156 рост меояд. Ин ном дар санади расмии марбут ба фурӯши замин тавассути яке аз сокинони Тревизо сабт шудааст.
Соли 1420, маҳалли кӯҳистонии Ампетсо (ҳамчун тамоми вилояти Кадоре) таҳти идораи Ҷумҳурии Венетсия қарор гирифт, ки бо вуҷуди ин ҳаққи худидоракунии кӯҳистониёнро ба расмият мешинохт.
Дар тӯли қарни XIX (то поёни Ҷанги ҷаҳонии якум дар соли 1918) кӯҳҳои Доломитҳо ба қаламрави сарзамини Тирол ва мувофиқи он, ба подшоҳии Ҳабсбург дохил мешуданд. Бо вуҷуди ин, сокинони маҳаллӣ ба гӯиши маҳаллии худ, яъне забони лодинӣ, бо ҳам муошират мекарданд.
Варзиш
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷойҳои диданибоб
[вироиш | вироиши манбаъ]Шахсиятҳои машҳур
[вироиш | вироиши манбаъ]- Рентсо Алвера (1933—2005) — бобслеисти итолиёвӣ, қаҳрамони чандкаратаи ҷаҳон
- Анҷело Дибона (1879—1956) — яке аз пешгомони кӯҳнавардӣ
- Лино Лачеделли (1925—2009) — кӯҳнаварди итолиёвӣ, нахустин фотеҳи қуллаи К2
- Серҷо Сиорпаес (тав. 1934) — бобслеисти итолиёвӣ, қаҳрамони чандкаратаи ҷаҳон
Бародаршаҳрҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Monthly demographic balance for the year 2025 (provisional data). ISTAT. 5 феврали 2026 санҷида шуд.