Корхонаи «Сиёма» (Душанбе)
Корхонаи «Сиёма» — Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва маҳсулоти машруботии «Сиёма» дан Ноҳияи Исмоили Сомонӣ шаҳри Душанбе қарор дорад.
Ифтитоҳи корхона
[вироиш | вироиши манбаъ]Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 27 августи соли 2019 дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва маҳсулоти машруботии «Сиёма»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Корхонаи мазкур аз ҷониби ҶДММ «Авесто Гурӯҳ» бунёд ёфтааст. Иншооти мазкур бо муосиртарин хатҳои истеҳсолӣ таъмин гардида, сифати ҳамаҷонибаи маҳсулоти омодашударо дастгоҳҳои насбшуда таъмин хоҳанд кард. Технологияи насбшудаи корхонаи мазкур истеҳсоли ширкати маъруфи «Сидел»-и Фаронса буда, он дар асоси стандартҳои муосири байналмилалӣ фаъолият мекунад. Муҷаҳҳазсозии Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва маҳсулоти машруботии «Сиёма» -ро мутахассисон аз Ҷумҳуриҳои Фаронса, Италия, Полша, Чехия, Россия, Сербия, Мексика, Аргентина ва Испания анҷом дода, технологияи «Сидел» пурра ба таври автоматӣ фаъолият менамояд. Истеҳсоли обҳои газнок, бегаз ва обҳои хуштаъм дар зарфҳои пластикӣ ва шишагии гуногунҳаҷм ба роҳ монда шуда, намуди зоҳирӣ ва сифати он ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои дохилӣ ва хориҷӣ мебошад. Ба фаъолият оғоз намудани корхонаи мазкур имконият медиҳад, ки минбаъд дар ин ҷо на танҳо маҳсулоти воридотивазкунанда, балки ба содирот нигаронидашуда низ истеҳсол карда шавад, зеро ин корхона аз рӯи стандартҳои эътирофгардидаи ҷаҳонӣ фаъолияти худро роҳандозӣ кардааст.Хати технологии истеҳсоли маҳсулоти машруботӣ аз давлатҳои Аврупо, бахусус аз ширкатҳои машҳури “Altec”-и Чехия ва “STM”-и Полша, инчунин аз “ЗавКом Инжиниринг”-и Федератсияи Россия фармоиш дода шуда, пурра васлу насб карда шудааст. Бо мақсади пешниҳоди маҳсулоти аълосифат лабораторияи муосир бо таҷҳизоти замонавӣ, бахусус муайянкунандаи зичии дараҷаи машрубот аз ширкати австриягӣ таъмин гардидааст, ки дар айни замон дар ҳудуди Осиёи Марказӣ қиёс надорад. Ҳудуди корхона 1,4 гектар заминро дар бар гирифта, масоҳати бинои сохташуда 7500 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бинои мазкур бо санъати муосири меъморӣ бунёд ёфта, дар сохтмони он зиёда аз 100 нафар мутахассисони соҳибтаҷрибаи маҳаллӣ соҳиби ҷои кори доимӣ гаштанд.[1].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва маҳсулоти машруботии «Сиёма»-ро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд. khovar.tj (2019). 23 марти 2026 санҷида шуд.