Корхонаи коркарди санги хоро ва мармари “Стоун Сервис”
Корхонаи коркарди санги хоро ва мармари “Стоун Сервис” — калонтарин иншооти истеҳсолӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад. Корхонаи “Стоун Сервис”-ро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Строй комплекс” мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ сохта, ба истифода дод. 24 декабри соли 2ғ20 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ калонтарин иншооти истеҳсолии минтақаи саноатии шаҳри Душанберо, ифтитоҳ карданд.[1]
Иқтидори солонаи ин корхонаи тавлидотӣ 150 ҳазор метри мураббаъ санги ороишиву сохтмониро ташкил дода, дар он зиёда аз 10 намуди маҳсулот, аз қабили тахтасангҳои ороишӣ аз мармар ва хоро, зинапояҳои сангин, сафолакҳои гуногун аз хоро, (баляска) тобаҳои ороишӣ, сутун ва шоҳсутунҳо, сангҳо бо ороиши бадеӣ ва ғайра истеҳсол карда мешавад. Корхонаи коркарди санги хоро ва мармари “СТОУН Сервис” бо ба кор оғоз кардани ин иншоот 150 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Корхона аз ду коргоҳи алоҳидаи коркарди санги хоро ва мармар иборат буда, он вобаста ба талаботи бозори дохилӣ бунёд гардидааст. Маҳсулоти корхона, ки асосан дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ истеҳсол карда мешавад, таъиноти ивазкунандаи воридотиро дорад.
Дар назар аст, ки дар муҳлати то панҷ соли оянда бо мавриди коркарди васеъ қарор додани сангҳои маҳаллии Тоҷикистон, аз қабили мармар, хоро, гранит, травертӣ ва ғайраҳо талаботи бозори дохилӣ комилан таъмин карда шуда, тавассути афзоиш додани иқтидори содиротӣ эҳтиёҷоти кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо ин гуна маҳсулот таъмин карда мешавад.[2]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Корхонаи коркарди санги хоро ва мармарро ифтитоҳ намуданд. 2 июли 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 май 2021.
- ↑ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Корхонаи коркарди санги хоро ва мармарро ифтитоҳ намуданд. 2 июли 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 май 2021.