Корхонаи муштараки “AKIA AVESTO”
Корхонаи муштараки “AKIA AVESTO” — барои бандубасти автобусҳои тамғаи «AKIA» ба роҳ монда шудааст. Лоиҳаи мазкур аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» тамоми таҷҳизоти зарурӣ харидорӣ ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ширкати туркӣ, ки таҳти бренди «AKIA» фаъолият дорад, соли 2018 шартнома ба имзо расонида шудааст. Дар асоси нақшаи амалкунанда, аз ҷумла, ҷиҳати интиқоли автобусҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳо идома дошта, айни замон 13 автобус ворид гардид ва то имрӯз бандубасти 10 адади он ба итмом расидааст.Инчунин тибқи муқаррароти шартнома, интиқоли автобусҳо бо шумораи муайян амалӣ карда мешавад ва худи ҳамин рӯз дар марҳилаи дуюм боз 15 автобус аз Туркия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шуд.
Шумораи коргарони корхонаи бандубаст дар айни замон 40 нафарро ташкил менамоянд, ки ҳамаи онҳо мутахассисони маҳаллӣ мебошанд. Дар оянда масъулони Корхонаи муштарак нақша доранд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли 5 намуд автобусҳои дохилишаҳрӣ ва беруназшаҳриро бо дарназардошти мутобиқати он ба стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монанд. Барои амалӣ намудани ин иқдом рӯзи 18 феврали соли 2018 дар ноҳияи Фирдавсӣ, ш. Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии заводи истеҳсоли автобусҳо оғози расмӣ бахшиданд.
Баробари ба фаъолият оғоз намудани корхонаи нав иқтидори истеҳсоли автобусҳо дар як сол аз 250 то 300 ададро ташкил дода, шумораи кормандон аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ на кам аз 200 нафар хоҳад шуд. Корхонаи мазкур дар муҳлати 1 сол сохта мешавад.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Истеҳсол ва бандубасти автобусҳои тамғаи «AKIA» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.). khovar.tj (2018). 23 феврали 2026 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 сентябри 2021.).