Котибии Туршези

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Тарҷумаи ҳол[вироиш]

Котибии Туршези, Шамсуддин Муҳаммад ибни Абдулло шоир, муншир, хаттоти моҳири форсу тоҷик мебошад. Санаи таваллуди шоир номалум аст. Дар Туршез, ки яке аз музофотҳои Нишопур аст, таваллуд шудааст.Котибии дар зодгохаш маълумоти ибтидои гирифта, дар мадрасаи Нишопур тахсили илм кардааст. Аз солҳои тахсили мадраса ба шеъргуи шуруъ намуда, аз мавлоно Сими хаттотиро омухт ва ба сабаби хати хуб доштанаш «Котиби» тахаллус кард. Котиби солҳои 1410 аввал ба Ҳирот, баъд ба Самарқанд сафар карда, солҳои 1412 – 14 боз дар Хирот истикомат кардаст. Солҳои 1415 -22 дар Астаробод, Мозандарон, Гелон, ХҲиҷоз ва гайра зиндаги карда, сипас боз ба Хирот баргашта, яке аз ходимони Кохи санъати Ҳирот мешавад. Баъди марги Бойсангур (1433) боз ба сафар баромада, Табрезу Исфахонро сайр кард ва нихоят дар Астаробод сукунат ихтиёр намуд. Шоир соли 1435 дар Астарабод вафот кардааст. Кабраш дар гуристони «Нухгурон» бокист. Котиби шоири пурмахсул аст. Мероси адабии у аз «Девони қасоид», «Девони ғазилиёт», маснавиҳои «Даҳ боб» ё «Таҷнисот», «Нозиру Манзур», «Зулбаҳрайн» ва ё «Зулкофиятайн», «Си нома», «Гулшани аброр» (дар пайравии «Махзануласрор»-и Низомӣ) «Баҳрому Гуландом», «Ҳусну Ишк» ва гайра иборат аст. Мувофики ахбороти сарчашмахо у такрибан 140 асар навиштааст. Котиби дар шеър кудрати зиёде дошта, дар истифодаи душвортарин санъатҳои шеър (кор фармудани вазну ду кофия дар тамоми достон, ба тарзи тачнис овардани кофияҳои як достони пурра, радифҳои душвортарин, овардани ғазал дар дохили касида ва гайра) беҳамто будааст. Танхо ғазалҳои у соддаву равон буда, мавзуъҳои ишк, фалсафа, панд ва танкиди замонро дар бар мегиранд. Ибни Хисом (вафоташ 1475), Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишер Навоӣ, Восифӣ, Аҳлӣ ва дигарон ба ашъори у пайрави карданд.

Аз ғазалиёт[вироиш]

Зохид, ки рехт оби рухи нуклу чомро, Неку нигах надошт халолу харомро. Аз заъфи зухт куввати май чун рахонидам, Пайванд бугсалам вараи некуномро Мехроб соки асту дилам пеши у мудом, Чун шиша ситода сучуду киёмро. Хуш манзилест ин ки маю чанг шуд хариф, Соки, нигох дор чу мутриб макомро. Накди хизонаи дили мо чинси дузах аст, Аз мо салом ходими дорулсаломро. Эй Котиби, ба ёди руху зулфи сокиён, Осуда бошу худ гузарон субху шомро.

Савдои он парирух девона сохт моро, Коре намонд ба мо, эй окилон, шуморо. Кардам ба дустдори шаб бо сагони куяш,-- Сухбат ба хам басе хуш ёрону ошноро. Эй хури касри ризвон хиштест аз сароят, То он сар аз расидан хуш дор ин сароро. Аз тири ту наёрад кас тезтар паёме, Бифрист суйи ёрон он пайки тезпоро. Оби дахан фиканди бар хоки мо ба рафтан. Оре, наботи мисри резанд тутиёнро, Аз Котиби наёяд инкори руйи неку. Мӯъмин кучо тавонад мункир шудан ликоро?

Шамъи ман бинмой руйи чун чароги хешро, То сари оташ фурӯзам дарду доги хешро. Хар кучо буди даме чун шамъ сад чон сухти, Бош, то ман хам барафрӯзам чароги хешро. Дар биёбони гамат овораю гум гаштаам, Аз ки пурсам андар ин сахро суроги хешро. Зохид ар хоҳад, ки буйи худпарасти бишнавад, Боядаш аз сар бадар кардан димоги хешро. Аз бихишти куят ар вокиф шавад чун Котиби, Хозани чаннат, ки дорад хашт боги хешро.

Аз муқаттаот[вироиш]

Чашм бикшо, Котиби, хар сарфарозеро бубин, Аз чафои гардиши гардуни гардон поймол. Хеч куре шеъри Салмонро намеорад ба чашм, Хеч кале сар фуру н-орад ба девони Камол.

Бу Али, хатто аз он тарсам, ки беморони шар Мурги рухатро ба тири охи шахпар бишкананд. Кобизони рухро гар бошад аз марги ту нанг, Шарбати маргат диханду коса бар сар бишкананд.


Чихате хаст, ки аксар ғазалаш шаш байт аст, Бишнав (ин) маънию чуз фарди ҷаҳон машморам. Панч байт аст маро расм, вале шаш авло, То бидонанд, ки дар шеър яке дайн орам.

Котиби кори ту монанди забон бод ба ком, Аз лаби ёр, ки ширин суханоне дорад. Оразу чехраи соки нигару бода бинуш, Як-ду рӯзе агар аз давр амоне дорад.

Бо Қосими муначчим гуед, к-эй бадахтар, Бар осмон расонди таври мукаллидиро, Дар гайбати каломам мушкил хузур ёби, Фикри ту хаст фосид бигзор муфсидиро. Дар хаққи байти банда, к-аш соҷид аст Имоми, Набвад сухан мачози чун шайх Мачдадиро

Аз рубоиёт[вироиш]

Он охуи мушкин, ки равон гашт ба дашт, Аз буи хушаш дашт хама мушкин гашт. Лекин чу ракиб рафту уро бигузошт Гуфтем, хар он чиз, ки бад буд гузашт,

Фарёд зи дасти хомаи хирандуд, К-у рози дилам ба душману дуст намуд. Гуфтам, ки забонаш бибурам гунг шавад, Бибридам аз он фасехтар гашт, ки буд.

Касро ба сари куи хирад хона мабод, Ҳамхонаи акл хеч девона мабод! Мулки дилам аз тавсани акл аст хароб, Дар мулки танам сутури бегона мабод!

Эй дил, хама дам ба халқ хушху мебош, Бигзор дуи, як дилу якру мебош. Таркиби ту хар чузв ба чузве дигар аст, Чун аз хамаи, бо хама неку мебош.