Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Котиби Дарвозӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Котиби Дарвозӣ

Қурбон писари Назаралихон Котиби Дарвозӣ (форсӣ: کاتب دروازی‎; қарни XIX) — шоир ва хаттоти форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шахси таҳсилдида, воқиф аз улуми динӣ ва адабӣ будааст. Соҳибдевон. Мувофиқи маълумоти баъзе манбаъҳои адабӣ, беш аз 70 ҳазор байт, қасидаҳо, ғазалҳо, рубоию қитъаҳо ва дар шаклҳои шеърии мухаммасу мусаддас асарҳо эҷод кардааст. Бо асарҳои арабии «Мухтасару-л-виқоя» ва «Мафотеҳу-л-эъҷоз» ба назм ва забони форсӣ шарҳ навишта буд. Сабаби «Котиб» тахаллус гирифтанаш дар он аст, ки ӯ хатҳои арабии насху настаълиқро хуб менавишт. Беш аз 50 нусха Қуръонро китобат кардааст. Дар охири умр аз биноӣ маҳрум шуд.

Дар як рубоияш мегӯяд:

Фарёд, ки асбоби улумам кам шуд
В- аз дидани хат ду чашм номаҳрам шуд.
Не қуввати тан, на чашми бинову на ҳуш,
Бар ҷойи қалам асо ба каф ҳамдам шуд.
Ғазали зер аз навиштаҳои ӯст:
Ситамгаре, ки саломаш наметавонам гуфт,
Ҳалоки ӯяму номаш наметавонам гуфт.
Асиру бандии ишқи чӣ золиме шудаам,
Ки ҳоли худ ба ғуломаш наметавонам гуфт.
Ҳадиси оҳи дилам мӯҷиби парешонист,
Ба зулфи ғолияфомаш наметавонам гуфт.
Мухолифанд рақибони чанд дар кӯяш,
Ки дар куҷост мақомаш, наметавонам гуфт.
Ғаме, ки хос бувад, Котибо, зи ҳазрати дӯст,
Ба пеши мардуми омаш наметавонам гуфт.