Кохи Борбад
Ёдмон | |
![]() | |
Кишвар | |
Макон | Душанбе |
Меъмор | Серго Сутягин[d] |
Дата основания | 1984 |
![]() |
«Кохи Борбад» — муҷтамаъи фарҳангӣ дар шаҳри Душанбе.
Таърих ва меъморӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1984 тибқи лоиҳаи дастаҷамъонаи меъморони Узбекистон Серго Сутягин, О. В. Легостаева, С. И. Соколов, С. Н. Романов, Р. С. Ниёзалиева ва муҳандис А. С. Бресловский бунёд шудааст. Бино дар маркази шаҳри Душанбе, дар шафати соҳили «Кӯли ҷавонон» ҷой гирифта, намои асосии он ба сӯи кӯчаи Исмоили Сомонӣ нигаронида шудааст. «Кохи Борбад» аз 2 қисм: миёнсаройи дуошёна ботолори хурд, толори калони киноконсертии амфитеатрмонанд (бо 2300 ҷои нишаст) ва утоқҳои хидматрасонӣ иборат аст. Толори калон барои намоиши ҳама гуна филм, консертҳои эстрадӣ, фестивалу форум, машварат ва дигар тадбирҳои ҷамъиятию сиёсӣ таъйин шудааст. Бо таҷҳизоти зарурӣ аз қабили дастгоҳҳои равшанидиҳанда, тарҷумаи нутқ, системаи муосири акустикӣ-стереофонӣ муҷаҳҳаз аст. Утоқҳо барои ҳунармандон ва ҷои махсус ‒ фарши гирдгардон барои оркестр дорад. Ҳар ду бинои кох, ки бо қолаби бетони монолитӣ сохта шудаанд, ба заминларзаи 9-балла тобоваранд. Бинои калони «Кохи Борбад» мудаввари махрутшакл буда, дар қисми боло шерозаи нақшин дорад, ки хонаҳои сангини ноҳияҳои кӯҳистони Тоҷикистонро ба хотир меоварад.
Меъморону муҳандисон зимни тартиб ва таҳияи лоиҳаи «Кохи Борбад» хусусиятҳои расму таомули миллиро ба эътибор гирифта, кӯшидаанд, ки байни ин бино ва ёдгориҳои меъмории ниёкони тоҷик монандӣ вуҷуд дошта бошад.
Соли 2003 ба муносибати баргузории Форуми байналмилалии «Оби тоза» (таҳти сарпарастии СММ) бинои «Кохи Борбад» таъмиру тармим гардид.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо дар назар доштани чунин нозукии арзишҳои миллӣ соли 1986 дар Озмун-намоиши 5-уми умумииттифоқии меъморон, ки бо ибтикори Иттифоқи меъморони ИҶШС баргузор шуда буд, «Кохи Борбад» яке аз беҳтарин иншооти сол дониста шуд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Кохи Борбад / Р. Муқимов // Косон — Қурбон. — Д. : СИЭМТ, 2023. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 11). — ISBN 978-99985-0-053-2.
- Архитектура общественных зданий Душанбе ХХ века. Д., 2007;
- Архитектура и градостроительства Душанбе. Д., 2008;
- Очерки история Душанбе. Д., 2008.