Jump to content

Кохи Истиқлол

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ёдмон
Кохи Истиқлол

«Кохи Истиқлол» — муҷтамаъи давлатӣ дар маркази шаҳри Душанбе ва тобеи Маҷмуи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Таърих ва меъморӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 2007 мавриди истифода қарор гирифт. Соли 2014 таҷдиду навсозӣ шудааст. Масоҳати умумияш 2736 м², дарозӣ 76 м, баландияш 8 м. «Кохи Истиқлол» чанд толори хурду бузург, ҳуҷраи тарҷумонҳо, толори мусиқӣ, ошхона, фаввораҳои дорои фавҷҳои гуногуни рангию мусиқӣ дорад. Дар ороиши «Кохи Истиқлол» аз сабкҳои суннатӣ ва муосири ороиш корбаст шудааст. Барои ободонию сабзкории атрофи «Кохи Истиқлол» гулу дарахту буттаҳои ҳамешасабзу нодир истифода шудаанд. Дастгоҳҳои рӯшноидиҳанда шабона бино ва атрофи онро мунаввар месозанд. «Кохи Истиқлол» барои қабули меҳмонҳо, баргузории конфронс, симпозиум, анҷуман, машварат, намоиш, вохӯрӣ ва дигар тадорукоти давлатӣ таъйин шудааст.

Ба рӯйхатти ёдгорҳои меъмории шаҳри Душанбе дохил шудааст.