Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Кохи Сомон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ёдмон
Кохи Сомон
Кишвар
Макон Душанбе

«Кохи Сомон» — қароргоҳи ҳукуматӣ, яке аз кохҳои бошукӯҳи Тоҷикистон. Дар шаҳри Душанбе, дар ҳудуди Бӯстонсаройи ҳукуматӣ воқеъ аст.

Таърих ва меъморӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 2006 ба истифода дода шуд. Чорошёна буда, дар намуди чортоқи гунбазӣ бунёд ёфтааст. Масоҳати умумияш 3795 м², дарозӣ 95 м, баландияш 40 м, баландии гунбад 29 метр. «Кохи Сомон» аз таҳхона, 8 толори хурду бузург, 5 ҳуҷраи машварат, 2 толори нишасти матбуотӣ, маркази интернет, 10 ҳуҷраи тарҷумонҳо, 3 хонаи бузурги панҷситорадор, амфитеатр (556 ҷои нишаст), мизи мудаввар, тарабхона, қаҳвахона (масоҳат 1000 м²) иборат аст. Дар ошёнаи чорум толори калони маҷлис (1300 ҷои нишаст), 2 толори хурди пазироӣ ҷойгир аст. Қандили булӯрини марказии бино 18,5 м дарозӣ ва 1500 кг вазн дорад. Дар самти даромади асосӣ айвони қаторсутундор ҷойгир аст, ки ба бино зинати хосса мебахшад. «Кохи Сомон» мувофиқи услуби ороишию бинокорӣ ва меъмории муосири миллию ҷаҳонӣ бунёд гардидааст.

Намои дарунии «Кохи Сомон» бо сангҳои хоро, мармар, деворнигораҳо, санъати наққошӣ, кандакорӣ, гачкорӣ, оинабандӣ, тилокорӣ оро дода шудааст. Саҳни берунии «Кохи Сомон» бо сабки суннатӣ ва муосири бунёди кохҳои боғии берунишаҳрӣ тазйин шуда, фаввораҳои рангаи хурду бузург, гулзорҳо ва дарахтони гуногун барои фароғату истироҳат дорад. Дар «Кохи Сомон» тадбирҳои муҳимми давлатӣ (дохилию байналмилалӣ), аз ҷумла маросими савганди президент ва дигар тадорукоти сиёсию фарҳангӣ баргузор мегарданд.

«Кохи Сомон» ба рӯйхати ёдгорҳои меъмории шаҳри Душанбе ворид шудааст.