Кошифи Шерозӣ
Кошифи Шерозӣ |
|---|
Кошифи Шерозӣ (форсӣ: کاشف شیرازی), Кошифи Кумайт (1592, Карбало — 1650, Рай) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Мир Муҳаммадшариф, Қозӣ Шарифуддин ибни Шамсуддин Муҳаммади Шерозӣ, мутахаллис ба «Кошиф». Бо тахаллуси «Теҳронӣ» низ машҳур буд. Соли 1597 падараш ба Исфаҳон кӯчид. Кошифи Шерозӣ дар Исфаҳон илмҳои расмии замон — адабиёт, мантиқ ва каломро омӯхт. Аз соли 1621 то соли 1629 дар Хуросон ва аз соли 1629 то охири умр дар Рай зист. Падар ва ду бародари бузургаш низ шоир ва аҳли адабу донишмандони давр ба шумор мерафтанд. Кошифи Шерозӣ пас аз хатми мадраса дар деҳоти Тарашти назди ш. Рай қозӣ буд. Мувофиқи маълумоти тазкиранавис Муҳаммадтоҳири Насрободӣ «дар назму наср соҳибқудрат будааст». Кошифи Шерозӣ дар пайравии Низомии Ганҷавӣ ва дар идомаи анъанаҳои эҷодии ӯ асарҳо офаридааст, ки номи сетои онҳо: «Лайлӣ ва Маҷнун», «Ҳафт пайкар», «Аббоснома» аст. Дар мавзуъҳои динӣ, фалсафӣ асарҳои «Сироҷу-л-мунир» (1645), «ад-Дуррату-л-макнуна», «Хазон ва Баҳор» (1636), «Ҳаводису-л-ботин», «Муншаоти мутафарриқ»-ро навиштааст. Соҳибдевон будааст. Ашъори шоирро ғазалиёт, қасоид, рубоиёт, қитъаҳо, таркиббанду тарҷеъбандҳо ташкил медиҳанд. Алӣ Иброҳимхони Халил дар тазкираи «Суҳуфи Иброҳим» девони ашъори ӯро иборат аз 10 ҳазор байт гуфтааст. Аз байни осори шоир китоби «Хазон ва Баҳор» машҳур аст, ки нусхаҳои хаттии он дар китобхонаҳои ҷаҳон маҳфузанд. Аз китоби «Сироҷу-л-мунир» нусхае дар Китобхонаи марказии Донишгоҳи Теҳрон ва чанд ҳикоят дар китобхонаи Остони қудси Машҳад маҳфуз аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Кошифи Шерозӣ // Косон — Қурбон. — Д. : СИЭМТ, 2023. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 11). — ISBN 978-99985-0-053-2.