Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Кошона

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Биноҳои маскунӣ дар Сингапур. Биноҳои маскунии маъмултарин намуди амлоке мебошанд, ки дар доираи барномаи давлатӣ дар Сингапур сохта шудаанд.
Кошонаҳои чандманзура дар Бристол, Англия
Намои Кошонае дар Аврупои Шимолӣ
Хонаҳои рустоӣ дар Сиэтл, Вашингтон

Кошона як воҳиди маскунии мустақил (навъе моликияти маскунӣ) мебошад, ки бахше аз як биноро (ба таври маъмулӣ дар як табақа) ишғол мекунад. Давомнокии иҷораи манзили як кошона метавонад дар ҳар кишваpе бо таваҷҷуҳ ба қонун ва навъи иҷора, мутафовит бошад.[1]

Дар бархе кишваpҳои дар ҳоли таҳаввул ва ақибмондаи санъатӣ, кошонанишинӣ ба иштибоҳ муъодили шаҳрнишинӣ маъно шуда аст ва ба далели набуди вуҷуди зерсохтҳои рифоҳии муносиб дар шаҳрҳои ин кишварҳо, истиқлол ва рифоҳи сокинони кошонаҳо бисёр дар сатҳи поин қарор дорад.[2]

Бо афзоиши аҳолӣ ва паҳншавии кошонанишинӣ, мушкилоти кошонанишинӣ низ возеҳтар шудаанд. Кошонанишинӣ бо сабаби зиндагии якҷояи одамони гуногун аз фарҳангҳо ва завқҳои гуногун мушкилоти гуногунро ба вуҷуд овардааст. Дар байни мушкилоти гуногуни кошонанишинӣ, ки дар сурати набудани фарҳанги зиндагии хонагӣ ба миён меоянд, нороҳатӣ ва садо барои ҳамсоягон, ихтилофҳо дар бораи масъалаҳои сохтмонӣ ва масъалаҳои саломатӣ мебошанд.[3]

Навъҳои кошонаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Кошонаҳо ба навъҳои гуногуна аз ҷумла ба категориҳои A B C тақсим мешаванд.

  1. Dictionary.com | Meanings & Definitions of English Words(англ.). Dictionary.com (6 November 2025). 7 ноябри 2025 санҷида шуд.
  2. Building Community: New Apartment Architecture, VII, 89. = Webb, M.. — Thames & Hudson, 2017.
  3. خبرگزاری میزان. غفلت از فرهنگ آپارتمان‌نشینی / مهمترین مشکل آپارتمان‎نشینان چیست؟(форсӣ). fa (۱۳۹۹/۱۱/۱۲ - ۰۹:۳۵). 7 ноябри 2025 санҷида шуд.