Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Коғази деворӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Коғази деворӣ, коғаздеворӣ, гулкоғаз, зардеворӣ — мавод барои ороиш додани девору сақфи хона ва утоқҳои корӣ; маъмулан дар шакли лӯлапеч истеҳсол мешавад.

Коғази девориро дар заминаи коғаз, матоъ, флизелин, полимер ва асос (пасзамина)-и муштарак тайёр мекунанд. Коғази девориро аз давраҳои қадим дар мамлакатҳои Осиёи Шарқӣ (Ҷопон, Хитой) чун маводди ороишӣ истифода мекарданд. Коғази деворӣ дар Англия аз асри 15 (қадимтарин коғази деворие, ки то имрӯз мавҷуд аст, соли 1506 истеҳсол шудааст) ва то асри 18 дар тамоми Аврупо хеле маъмул буда, онро ба девор мехкӯб мекарданд ва баъд бо ширеши махсус мечаспонданд. Дар давраи барокко коғази девории аз пӯст тайёркардашуда маъмул гашт, ки онро ба Аврупо аз мамлакатҳои араб тавассути Испания оварда буданд. Истеҳсоли коғази деворӣ дар асри 18 дар Бритониёи Кабир ба роҳ монда шуд. Коғази деворӣ на танҳо барои ороиши хона, балки барои пӯшондани сӯроху тарқишҳои девор, нигоҳ доштани гармӣ ва назофат, нагузаронидани садо муосидат мекунад. Коғази деворӣ якчанд навъ мешавад: якранг, гулдор, гуногунасос, шусташаванда (коғази девории ба рутубат тобовар) ва садонишон (патдор). Коғази девории муқаррарӣ бевосита бе таҳранг (расмро бевосита дар коғази сафед ё ранга чоп мекунанд), таҳрангдор (расмро ба асоси пешакӣ рангкардашуда мечаспонанд), якранг (берасм), гулбарҷастаи соярӯшан мешавад. Асоси коғази девории шусташавандаро аз масолеҳи синтетикӣ (асосан поливинилхлорид), пати коғази девориҳои садонишонро аз маводди нахдор (пахта, вискоза) тайёр мекунанд. Коғази девориҳои аксдори асосашон аз нахи селлюлоза ва нахҳои шишагӣ низ хеле маъмуланд. Вобаста ба таъйиноти утоқ ранги коғази девориро интихоб мекунанд (коғази девориҳои асосашон сурх барои баланд бардоштани табъу завқ, коғази девориҳои асосашон сабзу кабуд барои оромиши асаб ва ғ.). Асосан коғази девориҳои барашон 0,53, 0,75, 1,06 м ва дарозиашон 10, 15 ва 25 м истеҳсол карда мешаванд.