Кристоф Виллибалд Глюк
Кристоф Виллибалд Глюк | |
---|---|
олмонӣ: Christoph Willibald von Gluck | |
![]() | |
Иттилооти асосӣ | |
Таърихи таваллуд | 2 июл 1714[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 15 ноябр 1787[1][2][3][…] (73 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Солҳои фаъолият | аз 1741 |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | оҳангсоз, раҳбари мусиқӣ |
Сабк | опера[10], мусиқии килоссик[d][11] ва Балет[12] |
Ҷоизаҳо | |
![]() |
|
Осор дар Викитека |
Глюк Кристоф Виллибалд (2.07.1714, Эрасбах – 15.11.1787, Вена) — композитори барҷастаи олмонӣ, намояндаи класситсизм.
Зиндагинома[вироиш]
Глюк дар мактаби рустоӣ (дар Чехия) баробари савод омӯхтан, илми мусиқӣ (навохтани клавир, арғунун, скрипка) ва забонҳои қадимиро (лотинию юнонӣ) аз бар намуд. Солҳои 1731-1734 донишҷӯи Донишгоҳи Порис буд, мусиқиро мукаммал фаро гирифта, дар хорҳо суруд мехонд. Солҳои 1735-1736 дар Вена, дар дарбори княз Ф. Лобковите хидмат кард. Замоне, ки дар Итолиё буд (1737-1745), баробари дӯстӣ бо Ҷ.Б. Саммартини, ҳамроҳи ӯ 4 сол таҳсил кард. Дар Лондон (1746) ду асари хешро ба саҳна гузошт ва ба таълифоти Г.Ф. Ҳендел ошно шуд. Солҳои 1746-1749 дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи операи сайёри бародарон Г. ва А. Мингатти дар шаҳрҳои Ҳамбург, Дрезден, Лейпсиг, Копенҳаген консертҳо намоиш додааст.
Эҷодиёт[вироиш]
Солҳои 1737-1752 авҷи камолоти эҷодии Глюк ҳисобида мешавад, ки ӯро аз як ходими мусиқии маъмулӣ ба як соҳибмаълумоти аврупоӣ, композитори шоистаи эътирофи умум, капелмейстер, басаҳнагузоранда ва тарғибгари осори хеш табдил дод. Дар ин солҳо дар сабки итолиёии операҳои «Артаксеркс» (1741), «Деметрий» (1742), «Тигран» (1743), «Этсио» (1751) ва ғ.-ро таълиф кард. Аввали солҳои 1750 ба Вена бозгашта, якчанд операҳои мазҳакавии фаронсавӣ ва балетҳои «Александр» (1756), «Дон-Жуан» (1761) ва ғ.-ро менависад. Глюк анъанаҳои пешинро ба куллӣ тағйир дода, операро аз шаклпарастӣ, арияҳоро аз дабдабаи хушку холӣ озод карда, диққати асосиро ба драматизми он равона кард: операҳои «Орфей ва Эвриди» (1762), «Алсеста» (1767). Ӯ операро ба фоҷиаи мусиқӣ табдил дод. Операҳои «Парис ва Елена» (1770), «Армида» (1777) ва ғ., операҳои сифатан нав ва пур аз драматизм буданд. Операҳои типи нави Глюк, ки дар натиҷаи талаботи баланди эстетикии замон манзур шудаанд, бо тарҳрезии композиторони олмонию забони муоширати чехӣ, бо ваҳдати устодони шинохтаи итолиёӣ ва ба заминаҳои австриягию фаронсавӣ ба вуҷуд омадаанд, ки самараи ҷустуҷӯйҳои тақрибан 40-солаи муаллиф мебошанд. Эҷодиёти Глюк ба В. Мотсарт, Л. Бетховен ва Р Вагнер таъсир расондааст.[13]
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 3.0 3.1 Internet Broadway Database (ингл.) — 2000.
- ↑ https://www.digitalarchivioricordi.com/it/people/display/2125 — 1808.
- ↑ Глюк Кристоф Виллибальд // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ http://www.gutenberg.org/files/16248/16248-h/16248-h.htm
- ↑ http://www.naxos.com/mainsite/blurbs_reviews.asp?item_code=8.660064&catNum=660064&filetype=About%20this%20Recording&language=English
- ↑ The New Grove Dictionary of Music and Musicians (ингл.) / S. Sadie, N. Fortune — OUP, 1980.
- ↑ The New Grove Dictionary of Opera (ингл.) / S. Sadie, C. Bashford — London, NYC: Macmillan Publishers, Grove's Dictionaries, Inc., 1992. — ISBN 0-333-48552-1, 0-935859-92-6
- ↑ http://www.nytimes.com/1990/09/17/arts/review-opera-chicago-season-opens-with-gluck-s-alceste.html
- ↑ http://www.nytimes.com/1991/02/10/arts/classical-music-gluck-momentarily-neglected-awaits-a-new-tide-of-fashion.html
- ↑ http://www.bluebeat.com/albums/11113/Gluck-Don-Juan~-Semiramis
- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.100-101. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)