Кулолии Пирмуҳаммади Самарқандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Кулолии Пирмуҳаммади Самарқандӣ
Пирмуҳаммади Кулолии Хонанда
Санаи таваллуд

номаълум

Зодгоҳ

ш. Самарқанд

Санаи марг

1546

Касб(ҳо)

навозанда,сароянда

Кулолии Пирмуҳаммади Самарқандӣ (устод Пирмуҳаммади Кулолии Хонанда, с. тав. номаълум, Самарқанд, с. ваф. 1546, Самарқанд), сароянда, навозанда, мусиқидони тоҷик. Косибӣ (кулолгарӣ), мусиқӣ ва шеърро дар зодгоҳаш аз падараш омӯхта, сипас назди Устод Алиакбари Қонунӣ, Хоҷа Ҷаъфари Қонунӣ мусиқӣ омӯхта, муддате ба Бухоро рафта, аз Кавкабии Бухороӣ дарси мусиқӣ андӯхтааст Пирмуҳаммади Самарқандӣ боз ба Самарқанд баргашта, ба ҳайати ҳунарии Хоҷа Ҷаъфари Қонунӣ ворид шуда, дар заминаи шеъру мусиқӣ (таснифофарӣ) донишашро такмил дода, дар жанр, шакл, анвои шеърию мусиқии «қавл», «амал», «рехта», «кор», «савт», «нақш» ва ғ. аса-рҳои ҷолибе меофарад Пирмуҳаммади Самарқандӣ ки дар пешаи косибӣ (кулолгарӣ), сохтани зарфу олоти нафиси рӯзгор, ороиши иморот (кошикорӣ) шӯҳрати зиёд дошт ва бештар дар асарҳояш намояндагони ин табақаи ҷомеаро тавсиф менамудааст. Таснифоти ба мақомҳои «Кӯчак», «Бузург», «Наво», «Ушшоқ», «Ҳусайнӣ» ва ғ., ки бар усулҳои «Уфар», «Барафшон», «Чанбар», «Шодиёна» «Амали кӯзагорон», «Нақши кулол», «Савти Ку-лолӣ» офарида аст, дар ҳаёти мусиқии Самар-қанд шӯҳрати зиёд касб намуда, ғазалро некӯ ме-гуфтааст (бо тахал. «Кулолӣ»).

Адабиёт[вироиш]

Дарвешалии Чангӣ, Рисолаи мусиқӣ, Р:700-5-III, ИВАН Уз.ССР; Зинату-л-маҷолис, Р:4229, ИВАН Уз.ССР; Нисорӣ, Музаккиру-л-аҳбоб, Р:4282, ИВАН Уз. ССР; Муҳиту-т-таворих, Р:836, ИВАН Уз.ССР; Эн-циклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.2, Душ., 1989.[1]

Ҳамчунин нигаред[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 103-104 ISBN 978-99947-49-13-3