Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Логотипи КМОТ

Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон — ташкилот, муаррифгари Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалии олимпӣ.

Таъсис[вироиш]

Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон (кӯчаи Айнӣ, 24) соли 1992 ташкил шудааст. Соли 1993 ба ҳайати Кумитаи байналмилалии Олимпӣ дохил шуд. Варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати дастаи мунтахаби ИДМ дар Бозиҳои олимпӣ (Барселона, 1992) ширкат намуданд ва Андрей Абдувалиев медали тило ба даст овард. Ҳамчунин 6 варзишгари тоҷик ширкатдори Бозиҳои олимпӣ (Атланта, 1996) буданд. Аввалин бор бо дастаи мустақил Х. Назриев, С. Раҳимов, Р. Боқиев (дзю–до),

Р. Дгварели (гӯштини тарзи юнонӣ–румӣ), Х. Ҳасанов (бокс), А. Абдувалиев (варзиши сабук), Н. Шлемова ва С. Орин (ҷаҳидан ба об) ҳунарнамоӣ карданд. Натиҷаи беҳтарини даста – Р. Дгварели (ҷои 9-ум). Дар Бозиҳои олимпии XXVI (Сидней, 2000) 4 варзишгар ширкат дошт: Г. Дадобоева ва С. Забавский (пойга), К. Измайилова ва Ф. Орифов (шиноварӣ). Варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин бор дар Бозиҳои олимпии зимистонӣ (Солт-Лейк-Сити, 2002) ва бозиҳои супер-гигант ва слалом-гигант ҳунарнамоӣ карданд. Ба варзишгарони тоҷик ба даст овардани 9 роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ (Афина, 2004) дар намудҳои зерини варзиш муяссар гардид: гуштини тарзи озод (Ш. Алиев, Ю. Абдусаломов); гуштини тарзи озод, занон (Н. Иванова, Л. Карамчакова); камонварӣ (Н. Набиева); варзиши сабук (Г. Дадобоева); муштзанӣ (Ш. Достиев); тирпаронӣ (С. Бабиков), гурзандозӣ (Дилшод Назаров, РИО–2016, медали тило). Р. Боқиев (Пекин, 2008), ҷои сеюм, медали биринҷӣ ва М. Чориева (Лондон, 2012), ҷои сеюм, соҳиби медали биринҷӣ гаштанд.

Нигаред[вироиш]