Кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони МО Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони МО Тоҷикистон - ин мақола ба тартибу низоми кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

  • Маҷлиси намояндагон аз ҳисоби вакилони Маҷлиси намояндагон, кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагонро таъсис медиҳад. Номгӯй ва шумораи ҳайати кумитаю комиссияҳоро бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагон муайян мекунад.
  • Вакили Маҷлиси намояндагон узви танҳо як кумита буда метавонад. Ҳангоми муайян кардани ҳайати шахсии онҳо розигии вакили Маҷлиси намояндагон ба назар гирифта мешавад. Ба ҳайати кумита ва комиссия Раиси Маҷлиси намояндагон ва муовини ӯ интихоб шуда наметавонанд.
  • Маҷлиси намояндагон кумитаю комиссияҳоро дар ҳайати раисон ва аъзоёни кумитаю комиссияҳо интихоб мекунад. Раисони кумитаю комиссияҳоро Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагон бо овоздиҳии кушод бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон ба мӯҳлати салоҳияташ интихоб менамояд.
  • Кумитаю комиссияҳои Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди раисони кумитаю комиссияҳо муовини раис ва котибони кумитаю комиссияҳоро интихоб мекунанд.
  • Маҷлиси намояндагон ҳангоми зарурат барои ҳалли масъалаҳои мушаххас комиссияҳои муваққатӣ таъсис медиҳад. Таъсис ё барҳамдиҳии кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон бо қарори Маҷлиси намояндагон сурат мегирад.
  • Кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон:
  • мутобиқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қарору қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқиро қаблан баррасӣ менамоянд;
  • ба лоиҳаи Қонун дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хулоса медиҳанд ва таклифҳо пешниҳод мекунанд;
  • Фаъолияти кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон дар шакли ҷаласа сурат мегирад ва он бо усули боҳодии муҳокима асос меёбад. Ҷаласаи кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон дар сурате салоҳиятнок мебошад, агар дар он аз нисф зиёди аъзои онҳо иштирок дошта бошанд. Ҷаласаи кумита ва комиссияҳоро раиси кумита, ё комиссия ё бо супориши онҳо муовинашон сарварӣ мекунанд. Ҷаласаи кумита ва комиссияҳо аз рӯи зарурат, аммо на камтар аз ду бор дар як моҳ гузаронида мешавад.
  • Дар саласаҳои кумита ва комиссияҳо намояндагони воситаи ахбори омма даъват шуда метавонад.
  • Аз номи кумита ва комиссияҳо раисони онҳо дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон иштирок мекунанд ва барои ворид намудан ба лоиҳаи рӯзномаи ҷаласа ирсол менамоянд.
  • Узви кумита ва комиссияҳо бо супориши кумита ва комиссияҳо ҳуқуқ дорад, ки дар ҷаласаҳои дигар кумитаҳо ва комиссияҳо бо маърӯза оид ба масъалаҳои дахлдори кумита ва комиссияҳо баромад кунад.
  • Кумита ва комиссияҳо метавонанд ҷаласаҳои якҷоя гузаронанд ва қарори муштарак қабул кунанд.
  • Барои аниқ кардани ҳолати воқеии кор ва афкори ҷамъиятӣ аз рӯи масъалаҳои фаъолияти қонунгузорӣ ва дигар масъалаҳое, ки дар доираи салоҳияти кумитаю комиссияҳо мебошанд, онҳо метавонанд муҳокимаҳои парламентӣ ташкил кунанд, коференсияҳо, ҷамъомадҳо, мизҳои мудаввар, семинарҳо баргузор намуда дар кори онҳо иштирок намоянд.
  • Кумита ва комиссияҳо ҳуқуқ доранд, ки аз мақомоту ташкилотҳои давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, хулосаҳои хатти, маълумотҳо ва дигар маводи барои фаъолияти кумита ва комиссия зарурро дархост намоянд, дархосту муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон, ташкилоту идораҳоро, ки ба салоҳияти ин мақомоту ташкилот, шахсони мансабдор дохиланд, фиристанд ва ҷавоби онҳоро талаб намоянд.[1]

Кумита ва комиссияҳо[вироиш]

  1. Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон МН МО Тоҷикистон
  2. Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният МН МО Тоҷикистон
  3. Кумита оид ба иқтисод ва молия МН МО Тоҷикистон
  4. Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ ва экология МН МО Тоҷикистон
  5. Кумита оид ба корҳои байналмиллалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот МН МО Тоҷикистон
  6. Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон МН МО Тоҷикистон
  7. Кумита оид масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ МН МО Тоҷикистон
  8. Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ МН МО Тоҷикистон
  9. Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия МН МО Тоҷикистон
  10. Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагон МН МО Тоҷикистон
  11. Комиисия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор МН МО Тоҷикистон

Нигаред[вироиш]

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Манбаъ[вироиш]

  1. КУМИТАҲО ВА КОМИССИЯҲОИ МН

Пайвандҳои беруна[вироиш]

КУМИТАҲО ВА КОМИССИЯҲОИ МН