Курпача

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Курпача ашёи махсуси рӯзгор, ки аз бостонулайём дар байни халкҳои Осиёи Миёна, аз он ҷумла тоҷикон маълум аст. Курпачаро мисли курпа медузанд. Тафовути он аз курпа танхо дар андозаву таъйинот мебошад. Курпача асосан барои нишастан, баъзан барои хоб низ истифода мешавад.