Jump to content

Кусуф ва Хусуф

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
بسم الله الرحمن الرحيم
Бахше аз маҷмӯъаи мақолаҳои:

Ислом

Кусуф (ар. كسوف‎ — гирифтани офтоб), Хусуф (ар. خسوف‎ — гирифтани моҳтоб) — ду намозе, ки мусулмонон ҳангоми гирифтани офтоб ё моҳтоб мехонанд.

Ҳангоми гирифта шудани офтоб (кусуф) гузоридани ду ракъат намоз суннат ва дар вақти гирифта шудани моҳтоб (хусуф) бар асоси назароти машоихи мазҳаби ҳанафӣ мустаҳаб аст. Расули Худо (с) дар ин бора мефармояд: «Офтоб ва моҳ ду нишонае аз нишонаҳои (илм ва қудрати) Худованд ҳастанд ва ҳаргиз онҳо барои марг ва зиндагии касе гирифта намешаванд. Пас ҳар гоҳ онро дидед, намоз бихонед». Дар ривояти дигар омадааст: «Пас вақте онро дидед, дуъо намоед, такбир бигӯед, намоз бигузоред ва садақа намоед»[1][2][3].

Паёмбари акрам (с) намози кусуфро ба ривояти шайхайн – Бухорӣ, 1044, 1046, 1047 ва Муслим, 2086 (901) ва хусуфро ба ривояти Ибни Ҳиббон гузоридааст[4]. Намози кусуф бо ҷамоат гузорида мешавад. Ҳангоми гирифтани офтоб имоми ҷумъа ва идайн бо мардум ба монанди намози нафл хуфя (паст) ду ракъат намоз мехонад[5][6]. Он азон ва иқомат надорад, ба изни ом, вуҷуди султон ва шартҳои дигаре, ки дар намози ҷумъа зикр шудаанд, низ ниёз надорад ва дар ҳар ду ракъати он сураҳои дароз қироат мешавад.

Вақти намози кусуф

[вироиш | вироиши манбаъ]

Вақти он бар асоси фармудаи ҳадисҳои боб аз шурӯъи кусуф то равшан гаштан – кушода шудани қурси офтоб аст. Пас аз намоз агар кусуф ҳанӯз идома дошта бошад, мардум то рӯшан гардидани офтоб дуъо мекунанд. Агар имоми ҷумъа дар намози кусуф ҳозир нашавад, мардум то рӯшан шудани офтоб танҳо-танҳо намоз мехонанд. Он барои зану мард ва муқиму мусофир ба таври яксон суннат аст. Ҳамин ки кусуф ба поён расад – офтоб рӯшан шавад ва ё бо он ҳол ғуруб кунад, вақти намози кусуф тамом – фавт мешавад ва намози хусуф ҳам чунин аст.

Вақти намози хусуф

[вироиш | вироиши манбаъ]

Намози хусуф (ҳангоми гирифта шудани моҳтоб) низ монанди намози кусуф аст, танҳо ин ки намози хусуф бо ҷамоат адо намешавад, балки ба сурати танҳогузор хонда мешавад. Зеро дар ин мавридҳо муҳим он аст, ки мусалмонон бо зикру намоз ва дуъо ба ин нишона ва падидаи Худованд таваҷҷуҳ кунанд.

Намози кусуф ва хусуф назди ҷумҳури аҳли суннат

[вироиш | вироиши манбаъ]

Назди ҷумҳури аҳли суннат – имом Абӯҳанифа (рҳ), имом Молик (рҳ) ва имом Аҳмад (рҳ) барои намози кусуф ва хусуф хутба вуҷуд надорад, аммо имом метавонад пас аз адои намоз мардумро ба тақво, покӣ, парҳезгорӣ ва ғайра тавсия намояд. Зеро расули Худо (с) дар аҳодиси зиёде, ки аз эшон дар ин боб ривоят шудаанд, ба хондани хутбае амр накарда, вале пас аз баргузории намоз моҳияти ин падидаи илоҳиро барои мардум баён кардааст.

Намози кусуф ва хусуф назди бузургони мазоҳиби суннат

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар назди бузургони мазҳаби ҳанафӣ, зоҳири мазҳаби ҳанбалӣ ва ба ривояте аз имом Молик (рҳ) агар кусуф дар вақтҳои наҳйшуда – вақти баромадан, нисфирӯзӣ ва фурӯ рафтани офтоб ба вуқуъ ояд, намоз гузорида намешавад ва ба ҷои он мардум такбиру таҳлил ва зикру истиғфор мегӯянд. Вале аз назари бузургони шофеъӣ, ба ривояте аз имом Молик (рҳ) ва ба ривояте аз имом Аҳмад (рҳ) он дар тамоми вақтҳо ба монанди намози истисқо, ду ракъат намози шукри вузӯ ва таҳияи масҷид гузорида мешавад.

Расули Худо (с) ҳамон тавре дар ҳадис дидем, дар ҳолати кусуф ва хусуф ба додани садақа, дуъо ва истиғфор низ тавсия намудааст.

  1. Саҳеҳи Бухорӣ, 1042, 1043, 1044, 1046, 1047, 1058, 1212, 3203
  2. Саҳеҳи Муслим, 2086 (901)-1
  3. Сунани Насоӣ, 1473
  4. ал-Мавсуату-л-фиқҳияту-л-Кувайтия. – Ҷ. 27. – С. 252, 253.
  5. Саҳеҳи Бухорӣ, 1040
  6. Сунани Насоӣ, 1492
  • Абдушарифи Боқизода, Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби ҳанафӣ, Душанбе — 2017