Jump to content

Кӯйтеппа (шаҳр, Озарбойҷон)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Кӯктеппа (шаҳр, Озарбойҷон))
Кӯйтеппа (шаҳр, Озарбойҷон)
русӣ: Пришиб
озарбойҷонӣ: Prişib
озарбойҷонӣ: Göytəpə
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 1840
Баландӣ
5 м
Вақти минтақавӣ UTC+4
Аҳолӣ
Аҳолӣ
  • 14 000 тан (2012)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Кӯктеппа (озарбойҷонӣ: Göytəpə) — шаҳр дар ноҳияи Ҷалилободи Ҷумҳурии Озарбойҷон, дар пастхамии Ланкарон, дар масофаи 6 км аз истгоҳи роҳи оҳани Мосоллӣ дар хатти Усманлии нав - Осторо ҷойгир аст.

Калисои русии (1887) дар Кӯктеппа. Ёдгорӣ ва осорхонаи таърихӣ

Дар соли 1840, муҳоҷирони Русия - молоканҳо [1] деҳае бо номи Пришиб таъсис доданд [2] ки дар ҳудуди муосири ноҳияи Ҷалилобод воқеъ буд. Дар соли 1967, Пришиб, дар он замон аллакай шаҳрак, мақоми шаҳрро гирифт. Соли 1992 он ба Кӯктеппа (заб.озарбойҷонӣ - (Теппаи кабуд) номгузорӣ шуд.

Дар замони шӯравӣ дар шаҳр як корхонаи таъмири автомобилҳо, як совхози токпарварӣ ва як заводи вино сохта шуданд [3].

Мувофиқи барӯйхатгирии соли 1959 дар Пришиб 5085 нафар зиндагӣ мекарданд.[4], мувофиқи барӯйхатгирии соли 1979, аллакай 9225 нафар буданд [5] ва дар соли 1989 он ба 10067 нафар расид [6].

Ёдгориҳои таърихӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Калисои русӣ, ки соли 1878 дар шаҳри Кӯктеппа сохта шудааст, то имрӯз боқӣ мондааст. Ин ёдгории таърихӣ, ки аз ҷониби Вазорати сайёҳӣ ҳифз карда мешавад ва таҳти рақами инвентарии 4177 расман сабти ном шудааст, намуди зоҳирии худро гум накардааст. Азбаски онро диндорон истифода намебаранд, хонаи фарҳанги шаҳри Ғёйтепа низ дар ошёнаи якуми ин калисо ҷойгир аст. Калисоро кормандони фарҳанг доимо назорат ва посбонӣ мекунанд.

  1. Краткий отчет об экспедиции в Азербайджан село Привольное в июне 1997 г.. 19 Январ 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 июни 2019.
  2. Гёйтепе
  3. Пришиб (город в Азербайджанской ССР)
  4. Всесоюзная перепись населения 1959 г. Численность городского населения союзных республик (кроме РСФСР), их территориальных единиц, городских поселений и городских районов по полу, Демоскоп Weekly.
  5. Всесоюзная перепись населения 1979 г. Численность городского населения союзных республик (кроме РСФСР), их территориальных единиц, городских поселений и городских районов по полу, Демоскоп Weekly.
  6. Демоскоп Weekly - Электронная версия бюллетеня Население и общество. Всесоюзная перепись населения 1989 г.(рус.). Институт демографии Государственного университета - Высшей школы экономики. — Численность городского населения союзных республик, их территориальных единиц, городских поселений и городских районов по полу. 22 сентябри 2010 санҷида шуд.