Jump to content

Кӯлшиносӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Боло — калонтарин кӯли оби ширин дар ҷаҳон

Кӯлшиносӣ, лимнология ((юн. λίμνη «кӯл» + λόγος «омӯзиш») — бахши обшиносии хушкӣ, илм дар бораи кӯл ва обанборҳо.

Кӯлшиносӣ пайдоиш, ҳаҷм, сохт ва қонунияти тағйирёбии ҳавзаҳои кӯлу обанборҳо, сохт ва таркиби таҳнишастҳои қаърӣ, хусусияти физикӣ ва кимиёии об, низомӣ обшинохтӣ (таъодули об, пасту баландшавии сатҳ, ҳаракати об, ҳарорат), олами набототу ҳайвонот ва ландшафти кӯл, обанбор ва обгирҳоро меомӯзад. Ҳангоми омӯзиши кӯлшиносӣ аз равишҳои обшиносӣ, обнигорӣ, физикаи об, кимиёи об, ҳаётшиносии об, набототи об, ҳавошиносӣ, заминрехтшиносӣ (геоморфологӣ), риёзӣ, информатика ва ғ. истифода мебаранд.

Самтҳои асосии таҳқиқот

[вироиш | вироиши манбаъ]

Вазифаи асосии кӯлшиносӣ — омӯзиши умумии ташаккули кӯлҳо, равандщҳои физикӣ, кимиёӣ, геоморфологӣ, таъсири мутақобилае, ки низоми экологӣ ва обшиносӣ дар ҳавз ва истахр муайян мекунад, мебошад. Бо ҳамин мақсад, мавзӯи баҳси илми К. аз инҳо иборат аст: бавуҷудоӣ, ҳаҷм, сохтмон ва ташаккули чоҳбуну соҳилҳои обанборҳо; сохт, таркиб ва синусоли қабатҳои таҳ; хусусияти физикӣ ва кимиёии миқдор (масса)-и обе, ки дар обанбор ҷамъ шудааст, динамика ва тағйирёбии об аз таъсири равандҳои дохилии обанбор ва таъсироти антропогенезӣ; мувозинати обӣ, гармӣ ва таҳшинии обанборҳо; лаппиши сатҳ, ҳаракати об (мавҷ, ҷараён, омезиши конвективӣ ва динамикӣ); низоми яхӣ ва ҳароратӣ; таркиб, ғалзат (консентратсия) ва баробарии моддаҳои органикӣ ва маъдании дар об маҳлул; ташаккули мавсимӣ ва таъсири мутақобилаи организмҳои планктонии об ва ғ.

Обанборҳоро одамон аз замони қадим то ҳол истифода мебаранд. Иншооти обӣ ва обёрӣ ҳанӯз дар замонҳои қадим дар марказҳои тамаддунӣ онвақтӣ чун Бобилу Мисри Қадим вуҷуд доштанд. Таҳқиқ ва мушоҳидаҳо дар кӯлҳо аз асри 18 дар Руссия, Олмон, Ҳоланд, Фаронса, Швейсария ва ғ. оғоз гардид. К. яке аз соҳаҳои илми ҷуғрофиё соли 1885 дар Анҷумани байналмилалии ҷуғрофиёӣ дар Лондон ҳамчун илм шинохта шуд. Асосгузори ин илм олими швейсарӣ Ф. Форел мебошад. Ӯ кӯли Женеваро чандин сол таҳқиқ намуда, оиди назария ва усулҳои кӯлшиносӣ якчанд китоб навишт. Олимони машҳури кӯлшинос: Э. Берҷ, Р. Ветсел, Ҷ. Э. Хачинсон, П. С. Уэлч (ИМА); В. Ҳалбфас, А. Тинеман (Олмон), Э. Науман (Шветсия), Ф. Рутнер (Утриш), Б. Дюсар (Фаронса). Масъалаҳои назариву амалии кӯлшиносӣ дар институтҳои илмӣ ва озмоишгоҳҳои зиёда аз 40 кишвари дунё омӯзиш мешаванд. Корҳо ва навгониҳои соҳаи кӯлшиносӣ дар маҷмӯаҳои махсус ва маҷаллаҳо чоп мешаванд: «Ахбори Ҷамъияти ҷуғрофиёии рус» (Санкт-Петербург, аз соли 1865), «Funda­mental and applied limnology» (Штуттгард, Олмон, аз соли 1905), «Limnology and Ocea­nography» (ИМА, аз соли 1956) ва ғ. Ҳамоиш ва симпозиумҳои байналмилалӣ, ки аз соли 1922 то ин вақт бо ибтикори Иттиҳоди байналмилалии кӯлшиносии амаливу назарӣ ташкил мегардад, дар рушди кӯлшиносӣ нақши муҳим доранд.

Таҳқиқи кӯлҳои Тоҷикистон аз нимаи дуввуми асри 19 оғоз ёфт. Аввал ҳавзҳои оби дохили ба харита ворид карда шуданд. Солҳои 1869 — 71 А. П. Федченко кӯлҳои нишебии қ-кӯҳҳои Туркистону Олойро таҳқиқ кард. солҳои 1877 — 78 бо роҳбарии Н. А. Северсов кӯлҳои Помири Шарқӣ, 1910-20 бо роҳбарии Л. Н. Корженевский кӯлҳои калонтарини Помиру Олой омӯхта шуданд. Пас аз ғалабаи инқилоби Октябр (1917) омӯзиши маҷмӯи кӯлҳои Тоҷикистон оғоз ёфт. Дар ин росто экспедистсияи Помири Тоҷикистон (1928-39) нақши бузург бозид. Соли 1929 такнигошт (монография)-и Л. А. Молчанов «Кӯлҳои Осиёи Миёна» (ба забони русӣ) нашр шуд. Аз соли 1970 инҷониб Управленияи республикавии Тоҷикистон оид ба обуҳавосанҷӣ ва назорати муҳити табиат (ҳоло Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон) ба омӯзиши мунтаззам ва фарояндии кӯлҳои кишвар машғул аст.

Фаъолияти имрӯзӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Таҳқиқи умумии обанборҳо ҳамчун омӯзиши табдилёбии моддаҳо ба қувва (энергия), барои коркарди тавсияҳои истифодаи кӯл ва обанборҳо, пешгӯӣ кардани тағйироти низоми обшинохтӣ, кимиёи об ва ҳаётшинохтии он аҳаммияти бузург дорад. Маълумотҳои чинашиносӣ (стратиграфӣ)-и қабатҳои кӯлҳо ва назорати пасту баландшавии сатҳи об дар кӯлҳо барои омӯзиш ва муайян кардани тағйирёбии иқлим ва гардиши намии байни уқёнус ва хушкӣ дар давраи гузашта ва ҳалли масъалаҳои дигари ҷуғрофӣ истифода мешаванд. Дар робита ба ифлосшавии кӯлҳо, обанборҳо ва мустаҳкамкунии муҳити табии онҳо, самти асосии фаъолияти кӯлшиносӣ ҳалли масъалаҳои баҳодиҳӣ, пешгӯӣ ва ҳифзи тозагии об дар обанборҳо мегардад. Дастовардҳои кӯлшиносӣ дар соҳаҳои гуногуни кишоварзиву саноат истифода мешавад: таъмини об, моҳидорӣ, ҳамлу нақли об, барқи обӣ, обёрӣ, коркарди маъданҳо, тиб ва сайёҳӣ. .

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Богословский Б. Б. Озероведение: Учеб. пособие для ун-тов. — M.: Изд-во МГУ, 1960. — 336 с.
  • Хомскис В. Динамика и термика малых озёр / В. Хомскис. — Вильнюс: Минтис, 1969.
  • Китаев С. П. Основы лимнологии для гидробиологов и ихтиологов. — Петрозаводск: КарНЦ РАН, 2007. — 395 с.
  • Лесненко В. К. Мир озёр: Кн. для внеклас. чтения учащихся 8—10 кл. сред. шк. / Фотографии: А. А. Ростовцев, В. Ф. Семёнов, В. И. Торгаев; Рец.: И. Н. Сорокин, О. А. Калинина. — М.: Просвещение, 1989. — 160, [32] с. — (Мир знаний). — 200 000 экз. — ISBN 5-09-001477-9.
  • Под редакцией проф. Горкина А. П. [dic.academic.ru/dic.nsf/enc_geo/6605/%D0%BB%D0%B8%D0%BC%D0%BD%D0%BE%D0%BB%D0%BE%D0%B3%D0%B8%D1%8F Лимнология](рус.). География. Современная иллюстрированная энциклопедия. М.: Росмэн (2006). 14 марти 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 марти 2013.
  • Озероведение / Богословский Б. Б., Эдельштейн К. К. // Большая советская энциклопедия : [в 30 т.] / гл. ред. А. М. Прохоров. — 3-е изд. — М. : Советская энциклопедия, 1969—1978.