Албурз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Кӯҳҳои Албурз)
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Албурз
Damavand3.jpg
Хислат:
Намуд:
Қитъа: Осиё
Кишварҳо: Эрон,
Дарозӣ / Бар:
Қуллаи баландтарин: {{{Қуллаи баландтарин}}}
Шаҳри калонтарин:
Дарёи калонтарин:

Албурз (порсӣ: البرز) — кӯҳҳои Эрон, ки соҳили Баҳри Каспийро аз ҷануб фаро гирифтаанд. Дарозии албурз қариб 900 км, бараш то 120 км, баландиаш то 5604 м (вулқони хомӯши Дамованд). Албурз якчанд қаторкӯҳҳои мутавозиро дар бар гирифта, асосан аз оҳаксангу регсанг ва ҷинсҳои вулқонӣ таркиб ёфтааст. Нишебиҳояш фароз, сатҳаш нисбатан ҳамвор. Кӯҳҳоро водии дарёи Сафедрӯд бурида мегузарад. Дар нишебиҳои шимолии албурз бешаҳои зичи дарахтони паҳнбарг, дар нишебиҳои ҷанубии он буттаҳои ксерофитӣ (хушкидӯст) мерӯянд. Конҳои нефт ва маъдани мис дорад.


Ҳамчунин нигаред[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Миллии Тоҷик навишта шудааст.