Лаба (филм, 1997)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Лаба (филм, 1997)
англ. The Edge
Жанр приключения, драма, триллер
Коргардон
Таҳиякунанда
Муаллифи
филмнома
Наворбардор
Оҳангсоз
Давомнокӣ 113 дақиқа
Ҳазина 43 312 294 $[5] ва 27 873 386 $[5]
Мамлакат
Забон инглисӣ
Сол 26 сентябр 1997 ва 16 апрел 1998[1]
IMDb ID 0119051

Лаба ё Канора (англ. The Edge) — филми саргузаштӣ бо унсурҳои драмаи равоншинохтӣ ва триллер бо коргардонии Ли Тамахори. Нахустнамоиши он дар театрҳои ИМА 26 сентябри соли 1997 оғоз шуд .

Достон[вироиш | вироиши манбаъ]

Миллиардери солхӯрда Чарлз Морзе бо ҳамсари ҷавони мудел ва соҳибҷамоли худ Микки ба Аляска сафар мекунад, то он ҷо аксбардори касбӣ Боб Грин чанд акси олӣ сабт кунад. Марде, ки мебоист бо Микки аксбардорӣ кунад, бемор мешавад ва Боб Чарлзро водор мекунад, ки ба кӯле парвоз кунад, ки дар наздикии он як сайёди ҳиндӣ зиндагӣ мекард ва ӯ беҳтарин намуна барои аксгирӣ мешавад.

Ҳангоми парвоз ҳавопаймо бо паррандагон бархӯрд ва ба кӯл афтод. Халабон мурд, аммо Чарлз, Боб ва ёвари ӯ Стивен тавонистанд фирор кунанд. Ҳаво то чанд сард мешавад, имкони наҷот низ кам аст.

Чарлз Морзе, ки дорои хотираи хуб ва донишманд аст, як рӯз пеш дар ин мавзӯъ китоб мехонд. Дониш, часорат ва худдории у хамсафаронашро ба мубориза барои хаёт маҷбур мекард. Бо вуҷуди ин, онҳо мушкилот доранд: хирси малаи азими одамхӯр бемайлон аз паси онҳо меравад ва Стивен ҳангоми сохтани найза пои худро бо корд буридааст. Дар шаби сербориш хирс бӯи хуни фирориёнро истишмо мекунад ва Стивенро мекушад.

Ҳаво то чанд сард мешаваду қувваву тавон рӯ ба рукуд. Морзе кӯшиши моҳидорӣ мекунад, то гуруснагиро рафъ кунад. Ба ин муваффақ мешавад, аммо баъд аз тайи пайраҳа боз ба онҳо хирс ҳамла мекунад. Морзе мисли ҳиндуҳо барои ҳайвони ваҳшӣ дом месозад, гарчанде Боб ба муваффақияти ин кор бовар надорад. Билохира, Морзе тасмими ҷанги як ба як бо хирсро мегирад. Ӯ аз худ мепурсад, агар ақли инсон қудрати ҳалли бисёре аз мушкилиро дорад, пас чаро аз хирс гурехт. Дар набард Морзе ва Боб бар хирс ғолиб омада ӯро мекушанд. Акнун муҳкили либосу ғизоро бояд сомон дод.

Рузе онҳо ба кулбаи кӯчаке дар канораи марғзор расиданд, ки дар он чо каноэ, карабин, тир, зарф ва харита ёфтанд. Морзе пешниҳод мекунад, ки минбаъд дар соҳили дарё шино кунанд. Боб аз аввали сафар хостори марги Морзе ва ҳангоми даст ёфтани имкон ӯро куштан мехост. Морзе дар пайи як таниши лафзӣ ва нишони аломат, фаҳмид, ки зани ӯ бо Бобравобити шаҳвонӣ дорад. Боб туфангро гирифта мехоҳад Чарлзро парронад, аммо ногоҳ ба чоҳ меафтаду башиддат захмгин мешавад. Чарлз Боби маҷрӯҳшударо берун мебарорад ва ёрии аввалин мерасонад. Баъд онҳо бо каноэ шино мекунанд. Онҳоро дар ниҳоят чархболи полис пайдо мекунад, аммо Боб то ин вақт аз шиддати рехтани хуни зиёд мефавтад.

Морзе ба хабарнигороне, ки бо ӯ вохӯрданд, мегӯяд: "Ҳамаи мо дар зиндагӣ озмоишҳо дорем, аммо онҳо аслан ба гунае нестанд, ки мо мехоҳем". "Ва дӯстонам барои наҷоти ҷони ман мурданд".

Нақшофарон[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Энтони Ҳопкинс — Чарлз Морз, миллиардер, соҳибкор
  • Алек БолдуинБоб Грин, суратгир
  • Элле МакФерсон — Микки, зани Морзе, модел
  • Ҳаролд Перрино — Стивен, ёвари Грин
  • Л. БА. Ҷонс — Стайлс, соҳиби меҳмонхона
  • Кэтлин Вилхойт — Ҷинни
  • Дэвид Линстедт — Ҷеймс
  • Барт — хирс

Қайдҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]