Лайло Қурбонова
Лайло Қурбонова | |
|---|---|
| тоҷикӣ: Қурбанова Лайло Муродиллоевна | |
| Ном ба ҳангоми таваллуд | Қурбонова Лайло Муродиллоевна |
| Таърихи таваллуд | 24 декабри 1981 (44 сол) |
| Зодгоҳ: | Душанбе |
| Табаият | тоҷик |
| Шаҳрвандӣ |
|
| Жанр | манзара, зиндагии деҳот, мавзӯъҳои миллӣ |
| Омӯзиш | Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон |
| Сабк | реализм |
| Пуштибонон | Муродулло Қурбонов |
| Мукофотҳо | Узви раёсати Иттифоқи рассомони Тоҷикистон |
Лайло Муродиллоевна Қурбонова (тав. 24 декабри 1981, Душанбе) — рассом, мусаввири тоҷик, омӯзгори санъати тасвирӣ ва узви раёсати Иттифоқи рассомони Тоҷикистон. Ӯ аз идомадиҳандагони сабки реализм дар санъати тасвирии муосири тоҷик ба шумор меравад.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Лайло Қурбонова 24 декабри соли 1981 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи рассоми маъруфи тоҷик Муродулло Қурбонов ба дунё омадааст. Меҳри рассомӣ дар ниҳоди ӯ аз кӯдакӣ, замони сипарӣ намудани вақт дар коргоҳи падар ва тамошои асарҳои ӯ пайдо шудааст. Падараш Муродулло Қурбонов, ки асарҳояш дар фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфузанд, дар аввал муқобили касби рассомӣ аз ҷониби духтараш буд, вале ҷидду ҷаҳди ӯро дида, роҳнамо ва устоди аввалини ӯ гардид[1].
Таҳсил
[вироиш | вироиши манбаъ]Лайло Қурбонова сараввал дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар факултаи «моделйер-дизайн» таҳсил карда, моҳи сентябри соли 2011 ба факултаи рассомӣ (живопис) гузашт. Соли 2014 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро бо ихтисоси рассоми станкавӣ хатм намудааст[2].
Фаъолияти ҳунарӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Асарҳои Лайло Қурбонова бештар васфи табиати зебои Тоҷикистон, зиндагии деҳот ва расму оинҳои миллиро дар бар мегиранд. Ӯ дар офаридани манзараҳо аз сабки падараш илҳом мегирад.
Асарҳои машҳур
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Дараи Варзоб» — тасвири воқеии табиати кӯҳистони Тоҷикистон.
- «Баҳор» — асари фалсафӣ, ки дар он асосан аз се ранг (сиёҳ, кабуд ва сурх) истифода шудааст.
- Силсилаи расмҳои «Дар деҳа» — ки инъикосгари хотираҳои кӯдакӣ ва зиндагии мардуми русто мебошад.
Рассом дар асарҳояш бештар аз рангҳои гарму равшан истифода мебарад, ки ба бинанда эҳсоси хушҳолӣ ва нерӯ мебахшанд. Асарҳои ӯ дар коллексияҳои хусусии Тоҷикистон, кишварҳои ИДМ ва хориҷи дур нигаҳдорӣ мешаванд[2].
Фаъолияти омӯзгорӣ ва ҷамъиятӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аз соли 2010 то имрӯз — омӯзгори шуъбаи рассомии Мактаб-интернати махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи Миратулло Атоев.
- Солҳои 2015—2017 — мудири шуъбаи рассомии мактаб-интернати мазкур.
- Солҳои 2014—2018 — омӯзгори кафедраи графика ва санъатшиносии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон.
- Аз соли 2015 — узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон.
- Аз соли 2017 — узви раёсати Иттифоқи рассомони Тоҷикистон[3].
Намоишгоҳҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар тӯли фаъолияти эҷодиаш Лайло Қурбонова зиёда аз 20 намоишгоҳҳои гурӯҳӣ ва 2 намоишгоҳи инфиродӣ (персоналӣ) ташкил намудааст:
- Намоишгоҳи «Гулдухтарони тоҷик» (2013, 2014, 2017);
- Намоишгоҳ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон (2015);
- Иштирок дар Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар шаҳри Ашқобод (2017).
Оила
[вироиш | вироиши манбаъ]Оиладор, соҳиби 2 фарзанд мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Маълумотномаи шарҳиҳолӣ.
- 1 2 КУРБАНОВА Лайло Муродиллоевна(рус.). ЦентрАзия.
- ↑ Намоиши корҳои дизайнеру рассомони тоҷик. Sputnik Тоҷикистон (24 июни 2015).
Пайвандҳои беруна
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зодагони 24 декабр
- Зодагони соли 1981
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ҶШС Тоҷикистон
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи рассомон
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи рассомон дар Викианбор
- Рассомон аз рӯи алифбо
- Рассомони Тоҷикистон
- Зодагони Душанбе
- Хатмкардагони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон