Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ласло Красноҳоркай

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ласло Красноҳоркай
маҷ. Krasznahorkai László
Таърихи таваллуд 5 январи 1954(1954-01-05)[1][2][3][…] (72 сол)
Зодгоҳ
Шаҳрвандӣ (табаият)
Таҳсилот
Навъи фаъолият филмноманавис, румоннавис, нависанда, visiting docent
Солҳои эҷод 1985 — то ҳол
Забони осор забони маҷорӣ[7][8][2]
Ҷоизаҳо

ҷоизаи Кушут[d] (2004)

Ҷоизаи ҷаҳонии букер[d] (2015)

ҷоизаи Виленитсо[d] (2014)

ҷоизаи адабии Амрико[d] (2014)

Барандаи ҷоизаи Ҷумҳурии Маҷористон[d] (2002)

ҷоизаи Шандор Марай[d] (1998)

Бурсияи Зсигмонд Моритс[d] (1983)

Ҷоизаи анҷумани нависандагон[d] (2008)

ҷоизаи маҷаллаи Alföld[d] (1999)

ҷоизаи рӯйхати беҳтарин нависандагони SWR[d] (1993)

ҷоизаи давлатии Австрия барои адабиёти аврупоӣ[d] (2021)

Ҷоизаи миллии китоб барои адабиёти тарҷумашуда[d] (2019)

ҷоизаи адабии Либри ва ҷоизаи таваҷҷуҳи тамошобинон[d] (2022)

Ҷоизаи Форментор[d] (2024)

Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт

Q137884378? (2016)

Prix Laure Bataillon[d] (2023)

Artisjus Award[d] (11 майи 2026)

IMDb ID 0470004
Соядаст соядаст
Вебгоҳ krasznahorkai.hu(англ.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ласло Красноҳоркай маҷ. (laːsloː ˈkrɒsnɒhorkɒi) тав. 5 январи 1954) — нависанда ва сенариянависи маҷорӣ мебошад. Красноҳоркай бо романҳои мураккабу пурталабаш маъруф аст, ки онҳоро аксаран ба ҷараёни пасомодернизм мансуб медонанд; асарҳои ӯ мавзӯъҳои дистопӣ ва андӯҳборро меомӯзанд.[9] Чанде аз осори ӯ, аз ҷумла романҳои Сатантанго (1985) ва Ғамангезии муқовимат (1989), аз ҷониби коргардон Бела Тарр рӯи экранҳои синамо рафтаанд.

Дар октябри 2025 ӯ барандаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт гардид «барои осори ҷаззобу рӯъёпардозонааш, ки дар буҳбуҳаи ваҳшати охир-уз-замонӣ қудрати ҳунарро бори дигар тасдиқ мекунад».[10][11]

Зиндагӣ ва таҳсил

[вироиш | вироиши манбаъ]

Красноҳоркай 5 январи 1954 дар шаҳри Гюла шарқи Маҷористон дар хонаводаи яҳудии табақаи миёна ба дунё омадааст.[12] Падараш, Дёрд Красноҳоркай, ҳуқуқшинос ва модараш, Юлия Палинкаш, корманди идораи таъминоти иҷтимоӣ буданд.[13][14] Падараш аз яҳудӣ будани худро пинҳон мекард ва онро танҳо вақте ошкор намуд, ки Краснаҳоркаи 11-сола буд.[15]

Соли 1972 ӯ мактаби миёнаи Эркел Ференсро хатм кард, ки дар он ба омӯзиши лотинӣ ихтисос дошт. Дар соли 1973 таҳсилро дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Йожеф Аттила (ҳоло Донишгоҳи Сегед) оғоз намуд, аммо соли 1976 ба Донишгоҳи Этвёш Лоранд (ELTE) дар Будапешт гузашт ва то соли 1978 таҳсили ҳуқуқро идома дод.[16] Аз соли 1978 то 1983 ӯ дар Факултаи гуманитарии ELTE забони маҷорӣ ва адабиёти маҷориро омӯхт ва дараҷаи олии донишгоҳиро гирифт. Рисолаи ӯ ба фаъолияти нависанда Шандор Мораи пас аз муҳоҷираташ баъд аз суқути режими коммунистӣ дар соли 1948 бахшида шуда буд.[16] Дар давраи таҳсили адабиёт, ӯ дар нашриёти «Гондолат Кёнвкядо» фаъолият мекард.[12]

Фаъолияти адабӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пас аз хатми таҳсил, Краcноҳоркай фаъолияти худро ҳамчун нависандаи озод оғоз намуд. Романи нахустини ӯ — Sátántangó (1985) — муваффақияти фаврӣ ба даст овард ва ӯро ба яке аз чеҳраҳои пешкисвати адабиёти маосири Маҷористон табдил дод.[17] Тарҷумаи англисии ин роман соли 2013 ҷоизаи Best Translated Book Award-ро гирифт.[17]

Сафарҳои байналмилалӣ ва таъсирҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Краcноҳоркай нахустин бор аз ҳудуди Ҷумҳурии мардумии сотсиалистии Маҷористон соли 1987 бо гирифтани грант ба Берлини Ғарбӣ сафар кард.[17] Пас аз суқути Блоки Шарқӣ ӯ дар ҷойҳои гуногуни ҷаҳон ба таври танҳоёна зиндагӣ мекард.[17] Сафарҳои нахустини тӯлонии ӯ ба Шарқи Дур дар соли 1990 таъсири амиқ ба осораш гузоштанд; таҷрибаҳои ӯ дар Муғулстон ва Чин дар китобҳои The Prisoner of Urga (Махбуси Урга)ва Destruction and Sorrow Beneath the Heavens(Ҳалокат ва андӯҳ дар зери осмон) инъикос ёфтанд.[18] Баъдан ӯ солҳои 1996, 2000 ва 2005 шашмоҳа дар Киото иқомат дошт — маҳз эстетика ва назарияи адабии Шарқ сабку мавзӯъҳои эҷодиашро ба таври ҷиддӣ дигар карданд.[19] Ҳангоми навиштани War and War (Ҷангу ҷанг) ӯ ба таври густурда дар Аврупо сафар кард ва аз шоири амрикоӣ Аллен Гинзберг кумак гирифт, ки дар истиқомати ӯ дар Ню-Йорк маслиҳатҳои гаронбаҳо дода буд.[20]

Эътироф, интиқод ва ҳамкориҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Романи ӯ The Melancholy of Resistance (1989) соли 1993 ҷоизаи адабии олмонии Bestenliste-Prize-ро барои беҳтарин асари сол ба даст овард.[21][22] Соли 1996 ӯ стипендиати Wissenschaftskolleg дар Берлин гардид.[23]

Оғоз аз филми Sátántangó (1994), коргардон Бела Тарр — дӯст ва ҳамкори наздики ӯ — якчанд асарҳои Краcнаҳоркайро ба филм табдил дод, аз ҷумла Werckmeister Harmonies (2000), ки бар асоси романи The Melancholy of Resistance сохта шудааст.[23] Худи Краcнаҳоркай гуфтааст, ки филми соли 2011 — The Turin Horse — охирин ҳамкории онҳо хоҳад буд.[24]

Ӯ инчунин бо рассом Макс Нойман (Max Neumann) дар асарҳои тасвирдор, аз ҷумла повести Chasing Homer (2021) ҳамкорӣ кардааст, ки бо мусиқии аслии ҷаз-навоз Силвестер Миклош (Szilveszter Miklós) нашр шуд.[25]

Романи ӯ Seiobo There Below соли 2014 ҷоизаи Best Translated Book Award-ро ба даст овард.[26] Соли 2015 ӯ нахустин нависандаи маҷорӣ шуд, ки Ҷоизаи байналмилалии Booker-ро гирифт.[22]

Осори Краcноҳоркай аз ҷониби муҳаққиқон ва адабиётшиносон баҳои баланд гирифтааст. Сюзан Сонтаг ӯро «устоди муосири маҷорӣ дар тасвири апокалипсис, ки бо Гогол ва Мелвилл муқоиса кардан мумкин аст» номидааст,[27] дар ҳоле ки В. Г. Себолд навиштааст, ки «универсалияти диди Краcнаҳоркай ба сатҳи Ҷонҳои мурдаи Гогол мерасад ва аз ҳама нигарониҳои ночизи адабиёти муосир хеле болотар меистад».[28]

Зиндагии шахсӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Краcнаҳоркай аз соли то 1990 бо ҳамсараш Анико Пелйе (Anikó Pelyhe) зингадгӣ кардааст. Соли 1997 ӯ бо Дора Копчани — шарқшинос ва рассоми график — издивоҷ кард.[29] Ӯ соҳиби се фарзанд аст.[29]

Пас аз чанд сол иқомат дар Берлин, ки дар он ҷо дар як семестр вазифаи профессори меҳмонро дар Донишгоҳи Озоди Берлин (Free University of Berlin) иҷро мекард, ӯ ба Маҷористон бозгашт.[29][30] Дар айни ҳол ӯ танҳоёна дар теппаҳои Сентласло зиндагӣ мекунад.[29][30]

Қиссаву повестҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • A Mountain to the North, a Lake to the South, Paths to the West, a River to the East (2003)
  • The Last Wolf (2009)
  • Animalinside (2010, бо Макс Нойман)
  • Spadework for a Palace (2018)
  • Chasing Homer (2019)

Ҷамъоварии ҳикояҳои кӯтоҳ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сенарияҳои филм

[вироиш | вироиши манбаъ]

Краcнаҳоркай соҳиби бисёр ҷоизаҳои адабӣ аст, аз ҷумла Ҷоизаи Нобел дар соли 2025, ки ӯро дувумин нависандаи маҷорӣ пас аз Имре Кертес гардонд.[31]

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. 1 2 http://pim.hu/object.E96BDB8B-7C4E-44FC-A139-1C34E104576D.ivy — 1998.
  2. 1 2 3 László KrasznahorkaiFacts
  3. 1 2 Új magyar irodalmi lexikon (венг.) / зери таҳрири V. András, K. S. Iván, S. S. Margit, N. S. Katalin, O. László, C. Miklós, P. Béla — 2 — Budapest: Akadémiai Kiadó, 1994. — Ҷ. 2. — С. 1244—1245. — ISBN 978-963-05-6805-0
  4. LIBRISNational Library of Sweden, 2012.
  5. 1 2 http://www.krasznahorkai.hu/biography.html
  6. 1 2 http://pim.hu/object.0A27224F-3836-441E-A510-F535FE319D32.ivy — 1998.
  7. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  8. CONOR.Sl
  9. Шаблон:Cite magazine
  10. Hungarian author László Krasznahorkai wins Nobel Prize for Literature (en-GB). BBC News (9 октябри 2025).
  11. Marshall, Alex. Laszlo Krasznahorkai Is Awarded Nobel Prize in Literature. The New York Times (9 October 2025).
  12. 1 2 Görömbei, András László Krasznahorkai, Hungarian writer. University of Vienna.
  13. Хатои ёдкард: Барчасби <ref> ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номи "Krasz-CA" ворид нашудааст
  14. Rohter, Larry. László Krasznahorkai's Novels Find a U.S. Audience (9 August 2014). «He was born into a middle-class Jewish family (his father was a lawyer, his mother an employee of the social welfare ministry)».
  15. Нусхаи чанд мусоҳиба аз солҳои 1998–2004
  16. 1 2 Биографияи расмии Крашнаҳоркаи (сайти расмӣ) Бойгонӣ шудааст 14 феврали 2015  сол. (баргирифта 9 август 2012).
  17. 1 2 3 4 Bausells, Marta. Ҳама чиз дар бораи Ласло Краcнаҳоркай, ҷоизадори «Man Booker International» (20 May 2015).
  18. Ласло Краcнаҳоркай. Hungarian Review.
  19. Vonnak, Diana «Шарқ бо Шарқ рӯ ба рӯ мешавад»: робитаи зеҳнии Краcнаҳоркай бо Ҷопон. Hungarian Literature Online (25 April 2014).
  20. Castillo, Sebastian. Ласло Краcнаҳоркай: Девонагии интизомнок, Guernica (26 April 2012).
  21. Хатои ёдкард: Барчасби <ref> ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номи "everything2" ворид нашудааст
  22. 1 2 Flood, Alison. Ҷоизаи байналмилалии Booker 2015 ба «равшанбин» Ласло Краcнаҳоркай супурда шуд (19 May 2015).
  23. 1 2 Хатои ёдкард: Барчасби <ref> ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номи "review2" ворид нашудааст
  24. Hopkins, James. Бар зидди ваҳшӣ, бар зидди бад: суҳбат бо Ласло Краcнаҳоркай (2013).
  25. Fenstermaker, Will. «Chasing Homer»-и Ласло Краcнаҳоркай бо девонагии худ машғул аст (19 November 2021).
  26. Kellogg, Carolyn. Оё шумо метавонед номи Ласло Краcнаҳоркайро дуруст талаффуз кунед?, Los Angeles Times (29 April 2014).
  27. Хатои ёдкард: Барчасби <ref> ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номи "everything3" ворид нашудааст
  28. Ласло Краcнаҳоркай: Animalinside. The American University of Paris (2010). 10 октябри 2025 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 марти 2016.
  29. 1 2 3 4 Хатои ёдкард: Барчасби <ref> ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номи "Krasz-CA2" ворид нашудааст
  30. 1 2 Ласло Краcнаҳоркай — муаллиф дар New Directions Publishing (Retrieved 9 August 2012).
  31. Ласло Краcнаҳоркай — ҷоизадори Нобел дар соҳаи адабиёт. www.bbc.com (9 October 2025).
  32. Nobel Prize in Literature 2025 (en-US). NobelPrize.org.

Адабиёти иловагӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳои беруна

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шаблон:Ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт Шаблон:Барандагони Ҷоизаи Нобел, 2025 Шаблон:Ҷоизаи давлатии Австрия барои адабиёти аврупоӣ Шаблон:Ҷоизаи байналмилалии Букер