Ҷанобиддин Лафизов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Лафизов Ҷанобиддин)
Ҷанобиддин Лафизов
Таваллуд 17 январ 1932(1932-01-17) (92 сол)

Ҷанобиддин Лафизов (17 январи 1932 Исфара) — ходими давлатӣ, вазири молияи ҶШС Тоҷикистон (1973).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷанобиддин Лафизов соли 1932 дар оилаи коргар ба дунё омада, пас аз хатми мактаб соли 1947 ба техникуми молиявию карзи шаҳри Душанбе дохил мешавад. Аз ҳамин айём эътиборан ба соҳаи басо зарурӣ-молия наздики, қаробате пайдо мекунад. Ва минбаъд таҳсилро дар донишгоҳи иқтисодии шаҳри Ленинград идома медиҳад. Пас аз хатми он тули 3 сол дар техникуми молиявию иқтисодии шаҳри Душанбе омӯзгори мекунад. Туфайли қобилияту истеъдоди фавқулодда ӯ тавонист дар андак вақт муаллими калон, муовини декани риштаи иқтисодии ДДТ гардад. Байни солҳои 1957—1960 ғоибона дар аспирантура таҳсил ва рисолаи номзадиро бошарофона ҳимоя кард.

Соли 1962 ба Вазорати молияи кишвар роҳ бурд. Вазифаҳои котибии масъули коллегия, сардории шуъбаи буҷетро бар ухда дошт. Мувофиқ ба тавсияи роҳбарону мутахассисон соли 1965 Ҷанобидинро ба Шурои Вазирони Ҷумхури даъват карда, иҷрои вазифаи муовини сардори шуъбаи молияро ба зимааш гузоштанд. Минбаъд тули 8 сол сардори ҳамин шуъба, баъдан мудири корҳои Шӯрои Вазирони Тоҷикистон буд.

Моҳи январи соли 1973 дар хайёти Ҷанобиддин саҳифаи наве, ки масъулияти ниҳоят ҷиддиро талаб мекард, кушода шуд. Ӯро Вазири молияи Ҷумхурии Тоҷикистон таъйин намуданд. Тӯли қариб 20 дар ин вазифаи пурмаҳсул ҷахду талошҳои зиёд карданд.

Соли 1991 ба зиммаи Ҷанобиддин Лафизов иҷрои вазифаи дигар — Раиси назорати давлатии суғуртаи Ҷумҳуриро гузоштанд. То тавонист дар пешравии соҳа саҳм гирифт. Душвориҳои пешомадаро бартараф сохта, рафти фаъолиятро дар ин ҷабхаи муҳим ба низом овард.

Ӯ солҳои дароз узви КМ ҲК Тоҷикистон буд, 4 даъват депутати Шӯрои Олии Ҷумхури интихоб гардида, дар қабули қарору қонунҳои ба пешрафти иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи зиндагии халқ мусоидаткунанда саҳми арзанда гузошт.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Туфайли хидматҳои шоён ба гирифтани орденҳои «Байраки Сурхи Мехнат», «Нишони фахрӣ», даҳҳо медалҳою Ифтихорномаҳо шарафёб шуд. Қобили қайд аст, ки ҳамаи хидматҳои шоёни шодравон Ҷанобиддин Лафизовро ба инобат гирифта соли 2007 ба муносибати 75 солагии зодрӯзи устод Лафизов бо қарори Раиси шаҳри Исфара кӯчаи ба номи Карл Маркси шаҳр ба номи Ҷанобиддин Лафизов гузошта шуд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]