Лашкари тайиба
Ҷойгиршавӣ (штаб-квартира) | |
---|---|
Таърихи ташкилёбӣ | 1990 |
Лашкари тайиба (урду: لشكرِ طيبه) — яке аз бузургтарин ва фаъолтарин созмонҳои террористӣ дар Осиёи Ҷанубӣ[1], ки бештар дар Покистон фаъолият мекунад[2].
Ин созмон дар соли 1990 тавассути Ҳофиз Муҳаммад Саид, Абдуллоҳ Аззом ва Зафар Иқбол[3][4][5] дар вилояти Кунари Афғонистон бо пуштибонии молии Усома бин Лоден[6] бунён ниҳода шуд. Ҳамакнун дар наздикии Лоҳури Покистон воқеъ аст ва чандин урдугоҳи тамринӣ дар Кашмири Озодро мудирият мекунад.
Дар Кашмир таҳти назорати Покистон якчанд лагерҳои омӯзишӣ фаъолият мекунад. Аъзои Лашкари тайиба омилони ҳама ҳамлаҳои бузург ба Ҳиндустон мебошанд, ки ҳадафи асосии онҳо озод кардани Кашмир аз Ҳиндустон мебошад[7]. Аъзои Лашкар баъзе ҳамлаҳои террористии худро дар Покистон бо бартарии хоса ба Карочӣ анҷом доданд ва ҳамин тавр мухолифати худро ба сиёсати президент Мушарраф баён карданд[8] .
Лашкари тайиба ҳамчун дар Ҳиндустон, Покистон, Иёлоти Муттаҳида[9], Бритониёи Кабир[10], Иттиҳоди Аврупо[11], Русия, Австралия ва Тоҷикистон созмони террористӣ эътироф шудааст[12].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Lashkar-e-Taiba (Army of the Pure) (aka Lashkar e-Tayyiba, Lashkar e-Toiba; Lashkar-i-Taiba)(англ.), Council on Foreign Relations. Бойгонӣ шудааст 5 феврали 2017 сол. Проверено 8 феврали 2017.
- ↑ Donna Basset. Encyclopedia of Terrorism / Peter Chalk. — ABC-CLIO. — С. 12. — ISBN 978-0313308956.
- ↑ Deadly Embrace: Pakistan, America and the Future of Global Jihad - Brookings Institution (27 Январ 2012). 8 феврали 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 Январ 2012.
- ↑ The 9/11 Attacks’ Spiritual Father - Brookings Institution (27 Январ 2012). 8 феврали 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 Январ 2012.
- ↑ rediff.com: India's most wanted: The 15 faces of terror(пайванди дастнорас — таърих). specials.rediff.com. 8 феврали 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Январ 2013.
- ↑ Stephen E. Atkins. Encyclopedia of Modern Worldwide Extremists and Extremist Groups. — Greenwood Publishing Group, 2004. — С. 173. — 404 с. — ISBN 0313324859.
- ↑ The Evolution Of Islamic Terrorism - An Overview | Target America | FRONTLINE | PBS(пайванди дастнорас — таърих). www.pbs.org. 8 феврали 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 июни 2008.
- ↑ BBC News - Profile: Lashkar-e-Taiba(англ.)(пайванди дастнорас — таърих). news.bbc.co.uk. 8 феврали 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 Декабри 2008.
- ↑ USA redesignates Pakistan-based terror groups The Tribune
- ↑ Profile: Lashkar-e-Taiba(англ.), BBC News (10 April 2015). Бойгонӣ шудааст 11 феврали 2017 сол. Проверено 8 феврали 2017.
- ↑ EUR-Lex - 32003D0902 - EN(англ.)(пайванди дастнорас — таърих). eur-lex.europa.eu. 8 феврали 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 30 сентябри 2012.
- ↑ Некрӯз Қудратов. Пешгирӣ аз ҷиноятҳои киберӣ. Таъмини амнияти миллӣ дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ қарор дорад (ru-RU). АМИТ "Ховар" (19 Январ 2024). 21 феврали 2024 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Густерин П. В. Рейтинг террористических организаций, признанных таковыми российскими судами // Военное обозрение. — 14.07.2015.