Лаъли Бадахшон
Лаъли Бадахшон | |
---|---|
Пешво: | Атобек Амирбеков |
Санаи асосгузорӣ: | 4 март 1991 |
Санаи парокандашавӣ: | 1999 |
Қароргоҳ: | |
Маром: | исмоилиён |
«Лаъли Бадахшон» — ҳизби сиёсӣ ва ҳаракати иҷтимоӣ-сиёсии мухолиф дар Тоҷикистон, ки 4 марти соли 1991 дар шаҳри Хоруғ таъсис шуд. Ин ҳизб ба таври расмӣ сабтином нашуда, ҳадафаш ҳимоя ва пуштибонии ҳуқуқи мардуми помирии Тоҷикистон, махсусан сокинони Бадахшон ва таблиғи истиқлол ва худмухтории вилоят буд.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]«Лаъли Бадахшон» дар давраи охири мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфта, раҳбарии онро Атобек Амирбеков ба уҳда дошт. Тибқи баъзе манобеъ, ин ҳаракатро ҳамчун ҳаракати миллӣ-сиёсӣ ва иҷтимоии помириҳо низ мешиносанд.
9 сентябри соли 1991, пас аз шаш моҳ аз таъсиси ин ҳизб, Тоҷикистон расман соҳибистиқлол гардид. Дар интихоботи нахустини президентии кишвар, ки моҳи ноябри ҳамон сол баргузор шуд, «Лаъли Бадахшон» аз номзадии Давлат Худоназаров — намояндаи Ҳизби демократии Тоҷикистон пуштибонӣ намуд. Дар натиҷаи интихобот Давлат Худоназаров 30,1%-и раъйи интихобкунандагонро ба даст оварда, ба Раҳмон Набиев, ки 56,9% овоз гирифта буд, мағлуб шуд.
Бо оғози Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон (1992–1997) «Лаъли Бадахшон» ба ҳайати Иттиҳоди мухолифини тоҷик (ИМТ) ҳамроҳ шуд. Ба ҳайати ИМТ неруҳои мухталифи либералӣ, демократӣ ва исломӣ дохил буданд, ки бар зидди ҳукумати расмии Тоҷикистон мубориза мебурданд. Дар солҳои 1994–1997 «Лаъли Бадахшон» дар мусоҳибаҳову музокироти сулҳи байни тоҷикон иштирок намуд.
Соли 1999, ду сол пас аз анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ ва имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ, «Лаъли Бадахшон» аз ҳайати Иттиҳоди мухолифин хориҷ шуд[1] ва фаъолияти сиёсӣ ва ҳизбиашро қатъ кард. Баъди он, танҳо ҷонибдорони парокандаи ин ҳаракат боқӣ монданд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Kamoludin Abdullaev and Shahram Akbarzadeh. Historical Dictionary of Tajikistan. Lanham: Scarecrow Press, Inc., 2002. pp. 125-26