Лев Берг
русӣ: Лев Семёнович Берг | |
![]() | |
Таърихи таваллуд | 2 (14) март 1876 |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 24 декабр 1950[1][2][3] (74 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | Ихтиология, evolutionism[d], ҷуғрофиё, evolution of fish[d] ва систематикаи биологӣ |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Василий Докучаев[d] |
Шогирдон | Anatoly Isachenko[d] |
Ҷоизаҳо | |
![]() |
Лев Семёнович (Симонович)[4] Берг (2 (14) март 1876[5] — 24 декабри 1950, Ленинград) — ҷуғрофидон ва зистшиноси шӯравӣ, академики АИ ИҶШС (1946).
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Соли 1898 факулети табиатшиносии Университети Маскавро хатм кардааст. Солҳои 1904–13 дар Осорхонаи зоологияи АИ Петербург фаъолият дошт. Солҳои 1914–18 профессор ихтиологияи Институти хоҷагии қишлоқи Маскав, аз соли 1916 профессори кафедраи ҷуғрофияи табиии Университети Петербург. Яке аз асосгузорони Ин-ти ҷуғрофия, ки соли 1925 ба факултети ҷуғрофияи донишгоҳи Ленинград табдил ёфт. То ох. умр роҳбари кафедраи ҷуғрофияи табиии ҳамин донишгоҳ буд. Солҳои 1922–34 мудири шуъбаи ихтиологияи амалии Институти агрономияи таҷрибавӣ, 1918–30 мудири шуъбаи кӯлшиносии Институти давлатии гидрологӣ, аз соли 1934 мудири ташхисгоҳи моҳишиносии Институти зоология, 1940–50 Президенти Ҷамъияти ҷуғрофиядонҳои ИҶШС. Муаллифи таҳқиқоти бунёдӣ дар соҳаи иқлимшиносӣ ва полеоиқлимшиносӣ, асосгузори таълимот дар бораи ландшафтҳо (манзараҳо) буда, таълимоти В. В. Докучаевро дар бораи минтақаҳои табиӣ такмилу инкишоф додааст. Б. кӯлҳои Сибири Ғарбӣ, Балхаш, Иссиқкӯл, Севан, Ладога ва Баҳри Аралро тадқиқ кардааст. Ӯ аввалин бор нақшаи релйефи ноҳияи Осиёи Миёнаро пешниҳод намудааст. Соли 1906 якчанд пиряхи қ-кӯҳи Туркистонро кашф намуда, коллексияҳои бойи зоологӣ ҷамъ овард. Монографияи ӯ доир ба моҳиҳои Туркистон (1905) аҳаммияти калон дорад. Барои асари «Моҳиҳои оби ширини СССР ва мамлакатҳои ҳамшафат» (Ҷ. 1–3, 1948–49) сазовори Мукофоти давлатии СССР (ба номи Сталин) шуд (1951). Ба яке аз қулла ва пиряхҳои Помир, инчунин ба вулкани ҷаз. Уруп (ҷаз-ҳои Курил), димоғаи ҷаз. Инқилоби Октябр (Замини Шимолӣ), пиряхи Алатови Чунгар номи Б.-ро гузоштаанд. Номи лотинии зиёда аз 60 набототу ҳайвонот ба шарафи Б. гузошта шудааст.
Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
Бо 2 орден ва медалҳо сарфароз гаштааст.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ Энциклопедия Брокгауз (нем.) / Hrsg.: Bibliographisches Institut & F. A. Brockhaus, Wissen Media Verlag
- ↑ Proleksis enciklopedija, Opća i nacionalna enciklopedija (хорв.) — 2009.
- ↑ 414. Берг Лев Симонович // Русская интеллигенция. Автобиографии и биобиблиографические документы в собрании С. А. Венгерова: Аннотированный указатель: В 2 т. — СПб.: Наука, 2001. — Т. 1. А-Л. — С. 134. — 640 с. — ISBN 5-02-028495-5.
- ↑ В записи о рождении в канцелярии городского раввина Бендер (см. базу данных по Румынии на сайте еврейской генеалогии JewishGen.org, требуется регистрация) таърихи таваллуд — 2 марта (по старому стилю).
Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]
- Берг, Лев Семёнович // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Зодагони 14 март
- Зодагони соли 1876
- Зодагони Империяи Русия
- Даргузаштагони 24 декабр
- Даргузаштагони соли 1950
- Даргузаштагон дар Иттиҳоди Шӯравӣ
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Сарфарозшудагон бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»
- Барандагони Мукофоти сталинӣ
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо