Леонид Говоров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Леонид Говоров
русӣ: Леонид Александрович Говоров
Зодрӯз 22 феврал 1897(1897-02-22)[1][2][3]
Таърихи даргузашт 19 март 1955(1955-03-19)[4][1][2][…] (58 сол)
Мансубият
Солҳои хидмат Артиши Русияи подшоҳӣ[d] ва Артиши Сурх
Қисм Marshal of the Soviet Union[d]
Равобит
Chief Commander of the Legion of Merit Legionnaire of Legion of Merit
Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ
ордени Ғалаба ордени Ленин ордени Байрақи Сурх Order of Suvorov, 1st class Ордени Кутузов дараҷаи I Ордени Ситораи Сурх Medal "For the Defence of Leningrad" Медали «Барои мудофиаи Москва» Medal "For the Victory over Germany in the Great Patriotic War 1941–1945" Jubilee Medal "XX Years of the Workers' and Peasants' Red Army" Jubilee Medal "30 Years of the Soviet Army and Navy" Medal "In Commemoration of the 800th Anniversary of Moscow" Croix de guerre 1939–1945 Grand Officer of the Legion of Honour
Order of the Republic
 Парвандаҳо дар Викианбор

Говоров Леонид Александрович (22 феврал 1897[1][2][3], Yaransky Uyezd[d], Vyatka Governorate[d]19 март 1955[4][1][2][…], Маскав[4]) — фармондеҳи ҳарбии шӯравӣ, Маршали Иттиҳоди Шӯравӣ (1944), Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (1945). Ширкаткунандаи Ҷанги якуми ҷаҳон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1918-19 дар сафи артиши адмирал А. В. Колчак хидмат карда, соли 1920 ихтиёран ба сафи Артиши Сурх гузашт. Хатмкардаи Академияи ҳарбии ба номи М. В. Фрунзе (1932) ва Академияи Ситоди генералӣ (1938). Дар ҷанги ИҶШС ва Финландия солҳои 1939-40 сардори ситоди артиллерии Артиши 7-ум буд. Ҷонишини нозири генералии Сарраёсати артиллерия (1940-41). Аз оғози ҶБВ (1941-45) дар Самти ғарб ҷангидааст. Аз 22 июли 1941 фармондеҳи Артиши 5-уми назди Маскав, аз апрели 1942 фармондеҳи лашкарҳои Ҷабҳаи Ленинград, аз июни 1942 то итмоми ҷанг фармондеҳи Ҷабҳаи Ленинград буд. Ба амалиёти рахна кардану (1943) барҳам задани (1944) муҳосираи Ленинград ва озодкунии давлатҳои назди Балтика, аз октябри 1944 ба амалиёти ҷабҳаҳои Ленинград, 2-юм ва 3-юми назди Балтика роҳбарӣ кардааст. Солҳои 1945-47 фармондеҳи воҳидҳои ҳарбии Округи ҳарбии Ленинград, сарнозири сипоҳҳои хушкигард, аз соли 1948 фармондеҳи сипоҳҳои мудофиа аз ҳуҷуми ҳавоӣ ва муовини вазири ҳарбӣ, аз соли 1954 сарфармондеҳи сипоҳи Мудофиа аз ҳуҷуми ҳавоӣ ва муовини вазири мудофиаи ИҶШС буд. Депутати Шӯрои Олии ИҶШС (даъватҳои 2-4).

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо 5 ордени Ленин, ордени «Ғалаба», 3 ордени Байрақи Сурх, 2 ордени Суворов (дараҷаи 1), ордени Кутузов (дараҷаи 1), ордени Ситораи Сурх, 3 ордени хориҷӣ ва медалҳо сарфароз гардидааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • В боях за город Ленина. Статьи. 1941—1945. Л., 1945.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 TracesOfWar
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 Proleksis enciklopedija, Opća i nacionalna enciklopedija (хорв.) — 2009.
  3. 3.0 3.1 Brozović D., Ladan T. Hrvatska enciklopedija (хорв.)LZMK, 1999. — 9272 с. — ISBN 978-953-6036-31-8
  4. 4.0 4.1 4.2 4.3 Говоров Леонид Александрович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Маршал Говоров: К 100-летию со дня рождения/ Сост. М. Журавлёв. М., 1997;
  • Априявский К. Э. Памяти выдающегося полководца Маршала Л. А. Говорова;
  • Страницы возмездия, или От Ленинграда до Курляндского «котла»: 60-летию Великой Победы над фашизмом посвящается. Рига, 2005;
  • Телицин В. Л. Маршал Говоров: От колчакского офицера до Маршала Советского Союза. М., 2008.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]