Лерик

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шаҳр
Лерик
38°46′31″ с. ш. 48°24′55″ в. д.HGЯO
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Баландии марказ 1 096 ± 1 м
Минтақаи замонӣ UTC+4
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Лерик дар харитаи
Лерик
Лерик
 Парвандаҳо дар Викианбор

Лерик ( озарбойҷонӣ: Lerik) — шаҳрест дар ҷануби Озарбойҷон, дар наздикии марз бо Эрон, маркази ноҳияи Лерик. Шаҳр дар кӯҳҳои Талиш, дар масофаи 56 км аз ш. Ланкарон ҷойгир аст.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Деҳаи Лерик ба уезди Ланкарони губернатории Боку дохил буд. Дар соли 1930 он маркази маъмурии ноҳияи Зуванди ҶШС Озарбойҷон гардид, ки соли 1938 ба Лерик номгузорӣ шуд.

Тибқи рӯйхатҳои минтақаҳои аҳолинишини губернатории Боку аз соли 1870, тибқи тавсифи губернаторӣ ки аз соли 1859 то 1864 тартиб дода шудааст, дар деҳаи Лерики уезди Ланкарон 58 хонавода зиндагӣ мекарданд, ки 400 нафар аҳолӣ доштааст, ва аз толишон - шиаҳо иборат будааст [2]. Тибқи «Тақвими Кавказӣ» барои соли 1915, дар Лерик 805 нафар, асосан толишҳо зиндагӣ мекарданд [3].

23 июни соли 1962 Лерик мақоми шаҳраки навъи шаҳриро ба даст овард.

Мувофиқи барӯйхатгирии соли 1979 дар Лерик 4503 нафар зиндагӣ мекарданд [4] ва мувофиқи барӯйхатгирии соли 1989 5824 нафар [5].

Ҷуғрофия ва иқлим[вироиш | вироиши манбаъ]

Релйеф[вироиш | вироиши манбаъ]

Қаламрави минтақаи Лерик дар ҳудуди қаторкӯҳи Талиш ҷойгир аст. Он бо Ярдимилӣ дар ҷанубу ғарб, ва Ланкарон дар шимолу шарқ, Масаллӣ дар шимолу ғарб ва Осторо дар ҷанубу шарқ ҳаммарз мебошад. Қуллаҳои баландтарин - Кёрсиргой (2492 м) ва Кизиурд (2433 м) дар қаторкӯҳи Талиш ҷойгиранд. Асосан ин ҷогоҳ аз боқимондаҳои вулқонӣ-таҳшинии палеогенӣ иборат аст.[6]

Табиат[вироиш | вироиши манбаъ]

Растаниҳои Лерик асосан аз марғзорҳои сердарахт ва дарахтони нодири кӯҳӣ иборатанд. Дар ҷангалҳо дуб, дулона, арахис, чормағз, санавбар арчаи элдор мерӯянд.

Иқлим[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Лерик дар моҳҳои тирамоҳ зуд-зуд борон меборад. Ҳарорати миёна дар моҳҳои январ аз 1 то -4 ва дар моҳи июл 22-12 C° дараҷа гарм аст. Боришоти солона аз 300 мм то 800 мм мебошад.[7]

Мамнуъгоҳҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Мамнуъгоҳи давлатии табиии Зуванд дар Лерик ҷойгир аст. Растаниҳои минтақа асосан аз марғзорҳои нодир ва ҷангалҳои кӯҳӣ ( аз дарахти булут, дулона, бук, чормағз) иборатанд. Масоҳати ҷангал 40,3 ҳаз. гектар аст. Дар ин ҷангалҳо - рӯбоҳҳо, гургон, хирс, хукҳои ваҳшӣ ва дигар ҳайвоноти ваҳшӣ.[8]

Ёдгориҳои таърихӣ ва меъморӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ғори Бузеир яке аз қадимтарин шаҳракҳои асри сангини Озарбойҷон аст. Аз асри 18 то 19 бостоншиноси маъруфи фаронсавӣ Жак де Морган, К. Шаффер ва бародараш Анри Лерикро "биҳишти бостоншиносӣ" номиданд. Бостоншиноси маъруф Ҳ. Хуммел дурустии намунаҳои моддӣ ва фарҳангиро дар Лерики , ки дар минтақаи Лерик дар давраи неолит ёфт шудаанд, тасдиқ мекунад. Профессор Асадулло Ҷаъфаров, мудири шуъбаи бостоншиносӣ ва мардумшиносии Пажӯҳишгоҳи таърихи Академияи илмҳои Озарбойҷон, дар минтақаи Лерик таҳқиқоти илмӣ анҷом дод, аввал дар ғори Бузеир бошишгоҳи инсонии қадимаи палеолитро кушод.[9]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. http://www.azstat.org/region/az/006_3.xls
  2. Список населённых мест Бакинской губернии // Списки населенных местностей Российской империи. По Кавказскому краю. Бакинская губерния. — Тифлис, 1870. — Т. LXV. — С. 48.
  3. Кавказский календарь на 1915 год. Отдел статистический. — Тифлис. — С. 152.
  4. Всесоюзная перепись населения 1979 г. Численность городского населения союзных республик (кроме РСФСР), их территориальных единиц, городских поселений и городских районов по полу. Демоскоп Weekly.
  5. Демоскоп Weekly - Электронная версия бюллетеня Население и общество. Всесоюзная перепись населения 1989 г.(рус.)(пайванди дастнорас — таърих). Институт демографии Государственного университета - Высшей школы экономики. — Численность городского населения союзных республик, их территориальных единиц, городских поселений и городских районов по полу. 22 сентябри 2010 санҷида шуд.
  6. Город Лерик - Азербайджан, Лерикский район | azeritour(рус.). Туристический сайт Азербайджана, новости туризма (11 май 2017). 9 июли 2018 санҷида шуд.
  7. GoMap. Лерик, Азербайджан. gomap.az. 9 июли 2018 санҷида шуд.
  8. Лерикский район 1939. www.ethno-kavkaz.narod.ru. 9 июли 2018 санҷида шуд.
  9. Azərbaycan :: Baş səhifə(озарб.). www.azerbaijans.com. 9 июли 2018 санҷида шуд.