Либоси занон (тоҷикӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Либоси занон (тоҷикӣ) - аз курта, эзор, пойафзол, сарбанд, ороиши сару гардан, саргирак ва фаранҷию чашмбанд (асосан дар Шимоли Тоҷикистон) иборат буд.

Ду намуди курта маълум буд: якқад (тунико), ки ҳоло фақат дар деҳоти дурдаст пиразанҳо мепӯшанд ва камзулчадор, ки ҳоло ҳам мепӯшанд. Куртаи якқадро ду хел медӯхтанд: камартангу доманвасеъ ва дарозу доманаш каме васеъ, ки аз ду паҳлуяш тирез меандохтанд. Поёни куртаҳои дароз то ба буҷулакн по мерасид. Дар қисми Шимоли Тоҷикистон як намуди куртаи расмй медӯхтанд, кн он чуртча ном дошт. Пуштн ин хел куртаҳо янқад буда, камзӯлчаи пешаш чличин дӯхта мешуд.

Дар Тоҷикистон куртаҳои кӯтоҳ расм буд. кн ван куртам таг ном дошт ва онро аз зери курта мепӯшиданд. Гиребоин куртаҳои занонаро ду хел медӯхтанд: пешкушод ё буғак. Куртаи гиребонаш пешкушодро асосак закҳои солхӯрда мепӯшиданд, ки он камарча ё тугма дошт. Куртаи гиребонаш буғакро духтарону арӯсону ҷавонзанон мепушиданд. Куртаҳои занона аз духтарона фақат бо дӯхти гиребон фарқ мекар данд. Гиребони чунин куртаҳо уфуқӣ бурида шуда, бо мағзи, зеҳгулу гулдӯзй оро дода мешуд. Дар Ҷануби Тоҷикистон куртаҳои идона, туёна ва рӯзмарраро гул мепартофтанд ва юрмадӯзӣ мекарданд. Дар Шимол гиребони курта ва баъзан домани онро юрмадӯзӣ ё гулдӯзӣ мекарданд.

Пойафзоли занона аз маҳсӣ, кафши чӯбин ва чармин иборат буд. Занон вакти кор баъзан чоруқу мӯза мепӯшиданд.

Манобеъ[вироиш]

Энсиклопедияи советии тоҷик.Ҷилди 4. - Душанбе, 1983 , с. 116-117

Нигаред низ[вироиш]