Либоси миллии тоҷикон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Либоси миллии тоҷикӣ)
Jump to navigation Jump to search

Либоси миллии тоҷиконлибосе, ки мардуми тоҷик мепӯшиданд.

Либоси аҷдодони қадимтарини тоҷикон[вироиш]

Маълумотҳои қадима оид ба либоси аҷдодони қадимтарини тоҷикон дар асарҳои муаррихони юнонӣ ва хитоӣ вомехӯранд. Бозьёфтҳои археологӣ, суратҳои рӯи деворҳо ва тасвироти рӯи санг шаҳодат медиҳанд, ки аҷдодони тоҷикон аз давраи ташаккули таърихиашон дорои намудҳои гуногуни каллапӯшу кулоҳ ва предметҳои ороишу зебу зинати миллӣ будаанд. Тадқиқоти бозёфтҳо, хусусан материалҳои асри 19 ва аввали асри 20 гувоҳӣ медиҳанд, ки либоси тоҷикони қисми шимол ва ҷануби Тоҷикистони ҳозира аз якдигар андаке фарқ дошт. Ин фарқият ба иқтисодиёт ва шароити географӣ вобаста буд. Либоси занон аз курта, эзор, пойафзол, сарбанд, ороиши сару гардан, саргирак ва фаранҷию чашмбанд (асосан дар шимоли Тоҷикистон) иборат буд. Ду намуди курта маълум буд: якқад (тунико), ки ҳоло фақат дар деҳоти дурдаст пиразанҳо мепӯшанд ва камзулчадор, ки ҳоло ҳам мепӯшанд. Куртаи якқадро ду хел медӯхтанд: камартангу доманвасеъ ва дарозу доманаш каме васеъ, ки аз ду паҳлуяш тирез меандохтанд. Поёни куртаҳои дароз то ба буҷулаки по мерасид. Дар қисми шимоли Тоҷикистон як намуди куртаи расмӣ медӯхтанд, ки он чуртча ном дошт. Пушти ин хел куртаҳо якқад буда, камзӯлчаи пешаш чин-чин дӯхта ме шуд. Дар Тоҷикистон куртаҳои кӯтоҳ расм буд, ки вай куртаи таг ном дошт ва онро аз зери курта мепӯшиданд. Гиребоии куртаҳои занонаро ду хел медӯхтанд: пешкушод ё буғак. Куртаи гиребонаш пешкушодро асосан занҳои солхӯрда мепӯшиданд, ки он камарча ё тугма дошт. Куртаи гиребонаш буғакро духтарону арӯсону ҷавонзанон мепушиданд. Куртаҳои занона аз духтарона фақат бо дӯхти гиребон фарқ мекарданд. Гиребони чунин куртаҳо уфуқӣ бурида шуда, бо мағзи, зеҳгулу гулдӯзӣ оро дода мешуд. Дар ҷануби Тоҷикистон куртаҳои идона, туёна ва рӯзмарраро гул мепартофтанд ва юрмадӯзӣ мекарданд. Дар шимол гиребони курта ва баъзан домани онро юрма ё гулдӯзӣ мекарданд.

Пойафзоли миллӣ[вироиш]

Пойафзоли занона аз маҳсӣ, кафши чӯбин ва чармин иборат буд. Занон вақти кор баъзан чоруқу мӯза мепӯшиданд. Либоси тагпӯши мардон аз эзори дарози васеъ ва курта иборат буд. Буриш ва дӯхти курта дар ҳама ҷо як хел буда, фақат бо шакли гиребон фарқ мекард. Дарозии он одатан аз зону поён буд, вале барои ҷавонон кӯтоҳтар медухтанд. Гиребони куртаро уфуқӣ ё шоқулӣ, баъзан уфуқию шоқулӣ бурида, мағзӣ медавонданд ё шероза мечаспонданд. Дар шимоли Тоҷикистон куртаҳои гиребонбуғаки тугмадор расм буд. Дар аксари ноҳияҳои Тоҷикистон аз болои курта яктаҳ, ҷелаки беастар мепӯшиданд. Дар Қаротегин, Дарвоз, Яғноб, Мастчоҳ дар пеши ҷелак аз зер матои чоркунҷаи дарозрӯя медӯхтанд, ки он вазифаи куртаро адо мекард. Дар шимоли Тоҷикистон яктаҳҳои пешкушодро ба ҷои курта мепӯшиданд. Дар Помир ва баъзе қишлоқҳои Дарвоз аз рӯи курта камзӯлчаҳои кутоҳи беостин (васкат) мепӯшиданд. Ҷомаҳои серпахтаю кампахтаи абраю астардор, ки дар лаби доман, сар остинаш зеҳ мешинонданд, инчунин чакмани моҳутӣ, пашмин ва пӯстин либоси зимистона ҳисоб меёфтанд.

Замони шӯравӣ[вироиш]

Баъди ба Русия ҳамроҳ карда шудани Осиёи Миёна дар байни сокинони он, аз ҷумла тоҷикон, хелҳои нави пойафзол ва ғайра пайдо шуда, либоси аврупоӣ расм шуд. Ҳоло ҷои куртаҳои якқаду чакман, чоруқу мукиро палтою костюм, плащ, мӯзаю ботинка мегирад. Вале анъанаҳои беҳтарини либоси миллии тоҷикон такмил меёбанд ва аҳамияти худро гум накардаанд.

Нигаред ба аксҳо[вироиш]

Боз нигаред[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Пещерева Е.М., Домашняя и семейная жиэнь. Дар кит. Культура и быт таджикского колхозного крестьянства, «Тр. Ин-та этнографии АН СССР», т. 24, М.— Л., 1954;
  • Андреев М.С., Таджики долины Хуф, Сталинабад. 1958;
  • Ершов Н.Н. и Широкова 3.А., Альбом одежды таджиков, Д., 1969;
  • Широкова 3.А., Одежда. Дар кит. Таджики Каратегина и Дарваза, в. 2, 1970;
  • Рассудова Р.Я., Материалы по одежде таджиков верховьев Зеравшана. Дар кит. Традицнонная культура народов Передней и Средней Азии, Маҷ. МАЗ.

Сарчашма[вироиш]

Энсиклопедияи Советии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.