Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Лигаи бартари Инглистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Лигаи бартари Англия)
Лигаи бартари футболи Инглистон
(англ. Premier League)
Таъсис 20.02.1992[1]
Минтақа Парчами Англия Инглистон
Конфедератсия УЕФА (Урупо)
Шумораи иштирокчиён 20
Сатҳ дар системаи лигаҳо 1
Поёнравӣ
Чемпионшип
Мусобиқоти миллӣ Ҷоми Инглистон
Суперҷоми Инглистон
Ҷоми Лигаи футболи Инглистон
Мусобиқоти
байналмилалӣ
Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА
Лигаи Урупо УЕФА
Лигаи Конфронси УЕФА
Ғолиби феълӣ Ливерпул (2)
Пурифтихортарин Манчестер Юнайтед (13)
Бештарин
теъдоди бозӣ
Ҷеймс Милнер (657)
Голзани бештарин Алан Ширер (260)
Ширкатҳои телевизионӣ
Вебгоҳ premierleague.com
Мавсими 2025/2026

Лигаи бартари Инглистон (англ. Premier League), ё танҳо Премйер Лига, шакли кӯтоҳ ЛБИ – лигаи касбии футбол барои бошгоҳҳои футболи инглисӣ мебошад (ҳамчунин баъзе бошгоҳҳои футбол аз Велс низ метавонанд дар он иштирок кунанд[2]). Дивизиони олӣ дар низоми лигаи футболи Инглистон. Дар Премйер Лигаи Инглистон 20 бошгоҳи футбол ширкат мекунанд. Дастаҳое, ки се зинаи охирини ҷадвалро ишғол мекунанд, ба дивизиони поёнӣ - Чемпионшип меафтанд ва се дастаи беҳтарини Чемпионшип ҳуқуқи бозӣ дар Премйер Лигаи Инглистонро мегиранд. То соли 2016 ин мусобиқа расман ба номи Премйер Лига Барклейс (англ. Barclays Premier League) шинохта мешуд, аммо аз соли 2016 лига сарпарасти асосӣ надорад. Берун аз Инглистон онро аксаран ба номи «Премйер Лигаи инглисӣ» (English Premier League) мешиносанд.

Шаблон:Футбол дар Инглистон Шаблон:Футбол дар Бритониёи Кабир Шаблон:Лигаи бартари Инглистон