Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Листериоз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Листериоз
МКБ-10 A3232.
МКБ-9 027.0027.0
DiseasesDB 7503
MedlinePlus 001380
eMedicine med/1312 
MeSH D008088

Листериоз — сирояти бактериявӣ, ки асосан аз ҷониби бактерияи Listeria monocytogenes ба вуҷуд меояд[1]. Ин як чӯбчамикроб (палочка)-и граммусбат бо нӯгҳои мудаввар аст, ки қобилияти спора ва капсула ҳосил кардан надорад, анаэроби факултативӣ мебошад ва дар муҳитҳои ғизоии оддӣ мерӯяд[2]. Ҳамзамон, ҳолатҳое ҳастанд, ки листериоз аз ҷониби навъи дигари листерия — L. ivanovii ба вуҷуд омадааст[3].

Листериозро як сапронози маъмулӣ мешуморанд, ки дар он манбаи табиии аввалияи листерияҳо хок ба ҳисоб меравад, ки аз онҳо бактерияҳо ба организмҳои наботот дохил мешаванд. Манбаи сирояти ҳайвоноти кишоварзӣ хӯрок, аз ҷумла силосро ташкил медиҳад, ки дар он листерияҳо афзоиш меёбанд. Сирояти одамон бо истеъмоли сабзавот ва маҳсулоти чорво вобаста аст[4].

Термотолерантӣ, психрофилӣ ва дигар хусусиятҳои биологияи листерияҳо боиси қобилияти сироят кардани маҳсулоти хӯрокворӣ ва афзоиш дар онҳо мегарданд, ки ба хуруҷи эпидемияҳо ва ҳолатҳои спорадии листериози ғизоӣ оварда мерасонад[5].

Нишонаҳо ва аломатҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Беморӣ асосан ба калонсолони солхӯрда, ашхоси дорои системаи масунияти заиф, занони ҳомила ва навзодон таъсир мерасонад. Кам ҳолатҳое мешаванд, ки одамони бидуни ин омилҳои хавф низ сироят ёбанд. Шахси гирифтори листериоз одатан таб ва дарди мушакҳо дорад, ки аксар вақт пеш аз он дарунравӣ ё дигар аломатҳои меъдаю рӯда мушоҳида мешаванд. Тақрибан ҳамаи касоне, ки ба онҳо ташхиси листериоз гузошта шудааст, сирояти инвазивӣ доранд, яъне бактерияҳо аз рӯдаҳои онҳо ба ҷараёни хун ё дигар узвҳои бадан паҳн шудаанд. Беморӣ метавонад то ду моҳ пас аз истеъмоли ғизои олуда пайдо шавад.

Аломатҳо вобаста ба шахси сироятёфта фарқ мекунанд:

  • Одамони гурӯҳи хавф (ба ғайр аз занони ҳомила): Аломатҳо метавонанд табларза, дарди мушакҳо, дарди сар, сахт шудани мушакҳои гардан (ригидност), парешонхотирӣ, гум кардани мувозинат ва рагзанӣ (судорги)-ро дар бар гиранд.
  • Занони ҳомила: Занони ҳомила одатан танҳо бемории сабуки ба зуком монандро ҳис мекунанд. Бо вуҷуди ин, сироят ҳангоми ҳомиладорӣ метавонад ба исқоти ҳамл, мурдазоӣ, таваллуди пеш аз муҳлат ё сирояти барои ҳаёти навзод хатарнок оварда расонад.
  • Одамони қаблан солим: Одамоне, ки қаблан солим буданд, вале бо миқдори хеле зиёди бактерияи Listeria дучор шудаанд, метавонанд ба шакли ғайриинвазивии беморӣ гирифтор шаванд, ки дар он бактерияҳо ба ҷараёни хун ё дигар узвҳои бадан паҳн намешаванд. Аломатҳо метавонанд дарунравӣ ва табро дар бар гиранд.

Агар инсон ғизои бо Listeria олудашударо истеъмол карда бошад, вале ягон аломат надошта бошад, аксари коршиносон бар ин боваранд, ки ҳеҷ гуна ташхис ё табобат лозим нест, ҳатто барои одамони гурӯҳи хавфи баланди листериоз.[6]

Listeria monocytogenes дар муҳити зист ҳамаҷо мавҷуд аст. Роҳи асосии гирифторшавӣ ба Listeria тавассути истеъмоли маҳсулоти ғизоии олуда мебошад. Listeria аз гӯшти хом, маҳсулоти ширӣ, сабзавот, мева ва маҳсулоти баҳрӣ ҷудо карда шудааст. Панирҳои мулоим, шири пастеризатсиянашуда ва паштет-ҳои пастеризатсиянашуда хатарҳои эҳтимолӣ мебошанд; аммо баъзе ҳолатҳои хуруҷи беморӣ дар натиҷаи истеъмоли шири пас аз пастеризатсия олудашуда низ гузориш дода шудаанд.[7]

Кам ҳолатҳое мешаванд, ки листериоз дар шакли листериози пӯст (пӯстӣ) зоҳир шавад. Ин сироят пас аз тамоси мустақими пӯсти солим бо L. monocytogenes ба амал меояд ва асосан дар байни байторон (ветеринарҳо), ки бо ҳайвоноти бемор сарукор доранд (аксар вақт пас аз исқоти ҳамли листериозӣ дар ҳайвонот), мушоҳида мешавад.[8]

Ин беморӣ метавонад дар беморони гирифтори гемохроматоз бештар маъмул бошад.[9]

Чунин шумурда мешавад, ки L. monocytogenes пас аз расидан ба дастгоҳи ҳозимаи бадани инсон ба ҳуҷайраҳои мизбон ворид мешавад. Патоген ресепторҳои эукариотиро дар сатҳи ҳуҷайраи мизбон мешиносад ва тавассути фагоситоз ба ҳуҷайра ворид мешавад. Сипас патоген дар вакуолаҳои фагоцитарӣ ё фагосомаҳо ҷойгир мешавад, то даме ки бо вайрон кардани пардаи фагосома ба цитоплазма ворид шавад. Дар дохили ситоплазма бактерияҳо зиёд мешаванд ва сипас системаи ҳаракати актин ё полимеризатсияи актини ҳуҷайраи мизбонро оғоз мекунанд, то ба ҳуҷайраҳои ҳамсоя ворид шаванд. Ин система ба бактерия имкон медиҳад, ки актини ҳуҷайраи мизбонро барои часпидан ба сатҳи ҳуҷайра, берун баромадан, ташкили псевдопод ва ворид шудан ба ҳуҷайраҳои ҳамсоя истифода барад. Ин псевдоподи воридшаванда аз ҷониби ҳуҷайраи ҳамсоя тавассути фагоцитоз қабул карда мешавад, дар атрофи он фагосомаи дуқабатаи муваққатӣ ба вуҷуд меояд, бактерияҳо аз фагосома берун мешаванд ва сиклро аз нав оғоз мекунанд. Дар ин марҳила бемор метавонад гастроэнтерит-и табдорро ҳис кунад. Бо шиддат гирифтани беморӣ, бактериемия ба амал меояд — вақте ки L. monocytogenes аз дастгоҳи ҳозима ба ҷараёни хун ворид шуда, ба дигар узвҳои асосии бадан интиқол меёбад. Дар ашхоси солим бактерияи L. monocytogenes дар ҷараёни хун аз ҷониби макрофагҳо қабул ва аз бадан нест карда мешавад; аммо дар ашхоси дорои масунияти заиф, патоген дар тамоми бадан паҳн шуда, боиси ҳолатҳои вазнин ва марговари сирояти листериоз мегардад. Дар ҷигар ин ҳолат боиси гепатити пиогрануломатозӣ мегардад; дар системаи марказии асаб боиси менингоэнсефалит, дар занони ҳомила боиси пласентит мешавад ва ҳолати бактериемия ба сепсис мубаддал мегардад.[10]

L. monocytogenes ба типии Actinobacteria ва қатори Bacillales дар қатори дигар бактерияҳои грамм-мусбат ва факултативии анаэробӣ дохил мешавад. Ба ғайр аз ҷинси Listeria, дар ин қатор ҷинсҳои Bacillus ва Staphylococcus низ мавҷуданд, ки ин аз иртиботи наздики намудҳои ин ҷинсҳо шаҳодат медиҳад. Ин ҷинсҳо дигар бактерияҳои барангезандаи бемориҳои вазнин, ба монанди Bacillus anthracis (сӯхтанӣ ё сибирская язва) ва Staphylococcus aureus (MRSA)-ро дар бар мегиранд.[11]

Роҳи асосии пешгирии беморӣ тавассути тарғиби коркарди бехатар, пухтупаз ва истеъмоли дурусти ғизо мебошад. Ин шустани меваву сабзавоти хом ва пухтани пурраи маҳсулоти хом, инчунин дубора гарм кардани хӯрокҳои боқимонда ё омодаи истеъмол (ба монанди хот-догҳо)-ро то баромадани буғ дар бар мегирад.[12]

Ҷанбаи дигари пешгирӣ машварат додан ба гурӯҳҳои дорои хавфи баланд, аз ҷумла занони ҳомила ва беморони дорои масунияти заиф мебошад, то онҳо аз истеъмоли паштетҳои пастеризатсиянашуда ва ғизоҳое ба монанди панирҳои мулоим: фета, Бри, Камамбер ва панирҳои кабуд худдорӣ кунанд. Панири қаймоқӣ, йогурт ва творог бехатар ҳисобида мешаванд. Дар Подшоҳии Муттаҳида, тавсияҳои ба ин монанд аз ҷониби Сардухтур, ки дар клиникаҳои таваллудхона гузошта шуда буданд, дар охири солҳои 1980-ум боиси коҳиши шадиди ҳолатҳои листериоз дар байни занони ҳомила гардиданд.[13]

Усули дигари назорати мавҷудияти патогени L. monocytogenes пошидани иловаи ғизоии Listex P100 (бактериофаг) ба маҳсулоти ғизоӣ мебошад. Ин вирус ҳуҷайраҳои бактерияро тавассути сикли литикӣ сироят карда нобуд месозад ва патогенро аз ғизо нест мекунад. Бисёре аз ширкатҳои истеҳсоли ғизо маҳсулоти худро пеш аз бастабандӣ бо ин бактериофаг мепошанд, зеро он мазза, ранг ва сифати ғизоро тағйир намедиҳад. Тадқиқотҳо нишон доданд, ки Listex P100 дар нест кардани L. monocytogenes аз бофтаҳои филеи лососи хом, филеи лаққамоҳӣ (catfish), меваҳо, панирҳои мулоим, хот-догҳо, гӯшти мурғи марҷони пухта ва резашуда, лососи дуддодашуда, маҳсулоти баҳрии омехта, шири шоколадӣ, шӯробаи панири мотсарелла, салат ва ҳасиб муваффақ будааст. Илова бар ин, дар тадқиқотҳои ҷорӣ оид ба изолятҳои Листерия ягон муқовимати генетикӣ ба фаги P100 гузориш дода нашудааст.[14][15]

Бактериемия бояд дар давоми 2 ҳафта, менингит дар давоми 3 ҳафта ва абсесси мағзи сар ҳадди аққал 6 ҳафта табобат карда шаванд. Амписиллин одатан антибиотик-и интихобӣ ҳисобида мешавад; гентамисин зуд-зуд барои таъсири синергетикии он илова карда мешавад. Сатҳи умумии фавт 20–30%-ро ташкил медиҳад; аз тамоми ҳолатҳои марбут ба ҳомиладорӣ, 22% ба талафоти ҳомила ё марги навзод оварда расондаанд, аммо модарон одатан зинда мемонанд.[16]

Терапияи этиотропӣ ҳангоми листериоз тибқи адабиёт аксар вақт характери эмпирикӣ дорад. Тавсияҳо оид ба табобат дар асоси омӯзиши ҳассосияти листерияҳо ба антибиотикҳо дар шароити in vitro, таҷрибаҳо бо ҳайвонот ва таҷрибаи клиникии табобати гурӯҳҳои хурди беморон асос ёфтаанд.

L. monocytogenes ба доираи васеи антибиотикҳо ҳассос аст, ба истиснои сефалоспоринҳои нав ва фосфомитсин. Листерияҳо ба ҳосилаҳои пенициллин, аксари макролидҳо, аминогликозидҳо ва тетрациклин ҳассосанд.

Эпидемиология

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мувофиқи маълумоти баррасии байналмилалии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ, 2015), дар соли 2010 дар ҷаҳон 23 150 ҳолати бемории листериоз ба қайд гирифта шудааст, ки боиси 5 463 марг гардидааст[17].

Листерия системаи марказии асабро сироят карда, метавонад боиси менингит ва энцефалит гардад[1]. Гурӯҳҳои осебпазир занони ҳомила, навзодон, пиронсолон ва одамони дорои системаи масунияти суст мебошанд.

Листериоз дар ҳайвонот

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ин беморӣ аз гурӯҳи зооантропонозҳо буда, дар байни қариб ҳамаи намудҳои ҳайвонот паҳн шудааст. Бештар гӯсфандон дучор мешаванд. Беморӣ бо осеб дидани системаи асаб, зуҳуроти септикӣ, исқоти ҳамл ва маститҳо тавсиф мешавад[2].

  1. 1 2 Questions and Answers | Listeria | CDC(англ. амр.). www.cdc.gov.
  2. 1 2 Р.Ф.Сосов ва диг. Эпизоотология. М.: Колос, 1969. — 400 с.
  3. Christelle Guillet ва диг. Human Listeriosis Caused by Listeria ivanovii // Emerging Infectious Diseases. Т. 16, вып. 1. С. 136–138. doi:10.3201/eid1601.091155.
  4. Тартаковский И. С., Малеев В. В., Ермолаева С. А. Листерии: роль в инфекционной патологии человека и лабораторная диагностика. // «Медицина для всех». — 2002.
  5. C. B. Dalton ва диг. An Outbreak of Gastroenteritis and Fever Due to L. monocytogenes in Milk // New England Journal of Medicine. Т. 336. С. 100—105. doi:10.1056/NEJM199701093360204.
  6. Multistate Outbreak of Listeriosis Linked to Whole Cantaloupes from Jensen Farms, Colorado. Centers for Disease Control and Prevention (September 27, 2011).
  7. Хатои ёдкард: Барчасби <ref> ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номи "Sherris" ворид нашудааст
  8. (August 2007) «The epidemiology of human listeriosis». Microbes and Infection 9 (10): 1236–43. doi:10.1016/j.micinf.2007.05.011. PMID 17720602.
  9. Mazza, Joseph (15 January 2002). Manual of Clinical Hematology. Lippincott Williams & Wilkins. pp. 127–. ISBN 9780781729802. Retrieved 29 June 2010. Unknown parameter |name-list-style= ignored (help)
  10. (July 2001) «Listeria Pathogenesis and Molecular Virulence Determinants» (en). Clinical Microbiology Reviews 14 (3): 584–640. doi:10.1128/CMR.14.3.584-640.2001. ISSN 0893-8512. PMID 11432815.
  11. VitalSource Bookshelf Online. bookshelf.vitalsource.com.
  12. Prevention—Listeriosis. Centers for Disease Control and Prevention.
  13. (August 1996) «Listeria: the state of the science Rome 29–30 June 1995 Session IV: country and organizational postures on Listeria monocytogenes in food Listeria: UK government's approach». Food Control 7 (4–5): 245–247. doi:10.1016/S0956-7135(96)00049-7.
  14. (2005-12-01) «Bacteriophage P100 for control of Listeria monocytogenes in foods: Genome sequence, bioinformatic analyses, oral toxicity study, and application» (en). Regulatory Toxicology and Pharmacology 43 (3): 301–312. doi:10.1016/j.yrtph.2005.08.005. ISSN 0273-2300. PMID 16188359. Bibcode: 2005RToxP..43..301C.
  15. (December 2017) «Efficacy of Listex P100 at Different Concentrations for Reduction of Listeria monocytogenes Inoculated in Sashimi» (en). Journal of Food Protection 80 (12): 2094–2098. doi:10.4315/0362-028X.JFP-17-098. PMID 29166172.
  16. Health authorities link 12 deaths to contaminated meat. Canwest News Service (February 2007). 18 марти 2026 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 Январ 2016.
  17. Listeria monocytogenes story map. ArcGIS StoryMaps (7 Декабри 2023).