Лувр
фр. Musée du Louvre | |
![]() | |
Таъсис | 1792 |
Кушодашавӣ | 10 август 1793[1] |
Муассис | Наполеон |
Макон |
Palais Royal, Musée du Louvre, 75001 |
Меҳмонон дар як сол | |
Директор | Лоранс Де Кар |
Ҷоизаҳо | |
Веб-Сайт |
louvre.fr(фр.) louvre.fr/en/(англ.) louvre.fr/jp/(ҷоп.) louvre.fr/zh-hans(чинӣ) louvre.fr/es(исп.) |
![]() |
Осорхонаи Лувр (фр. Musée du Louvre; баъзан танҳо Лувр меноманд) — яке аз калонтарин ва машҳуртарин осорхонаҳои санъат дар ҷаҳон. Осорхона дар маркази Париж, дар соҳили рости дарёи Сена, кӯчаи Риволи, ноҳияи 1-уми пойтахт ҷойгир аст.
Соли 2018 ба осорхонаи Лувр зиёда аз 10 миллион нафар ташриф оварданд, ки ин нишондиҳанда рекорд аст[4].
Бинои осорхона — як қасри қадимии шоҳона (Palais du Louvre) мебошад. Муҷассамаи аспсавори Людовик XIV нуқтаи ибтидоии меҳвари ба истилоҳ таърихии Парижро нишон медиҳад.
Лувр — яке аз қадимтарин осорхонаҳоест, ки таърихи бойи ҷамъоварии осори бадеӣ ва таърихии Фаронсаро аз замони сулолаи Капетингҳо то имрӯз дорад.
Дар Лувр ҳама чизро ҷамъоварӣ кардаанд, ин осорхонаро универсал номидан мумкин аст. Коллексияҳои он фазои васеи ҷуғрофӣ ва вақтро фаро мегиранд: аз Аврупои Ғарбӣ то Эрон тавассути Юнон, Миср ва Ховари Миёна; аз қадим то соли 1848. Санъати аврупоии давраи муосир — аз соли 1848 то имрӯз — дар Осорхонаи Орсе ва Маркази Ҷорҷ Помпиду ва санъати Осиё дар Музеи Гимет намоиш дода мешаванд.
Буҷаи осорхона дар соли 2019 242,8 миллион евроро ташкил дод. Аз ин шумора 149 миллион евро маблағҳои шахсӣ (аз он тақрибан 98 миллион евро аз фурӯши чиптаҳо ба даст омадааст) ва 93,8 миллион евро субсидияҳои ҳукумат буданд[5].
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Қасри шоҳона
[вироиш | вироиши манбаъ]Лувр дар асоси қалъа манораи бузурги Лувр, ки аз ҷониби шоҳ Филипп Август дар соли 1190 сохта шудааст, асос ёфтааст. Яке аз ҳадафҳои асосии қалъа мушоҳидаи поёноби дарёи Сена, яке аз масирҳои анъанавии ҳуҷум дар асри Викингҳо буд. Дар соли 1317, пас аз интиқоли амволи Тамплерҳо ба ордени Малта, хазинаи шоҳона ба Лувр интиқол дода шуд. Чарлз V қалъаро ба қароргоҳи шоҳона табдил медиҳад.
Маҷмӯаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар коллексияҳои Лувр шоҳасарҳои санъати тамаддунҳо, фарҳангҳо ва давру замонҳои гуногун мавҷуданд. Дар осорхона тақрибан 300 ҳазор нигора мавҷуд аст, ки танҳо 35 ҳазораш дар толорҳо намоиш дода мешаванд.
Мисри қадим
[вироиш | вироиши манбаъ]-
Мило аз Кротон
-
Адонис
-
Афинаи Веллетри
-
Пешниҳодҳо ба Миррих
-
Каракалла
-
Ганимед
-
Ники аз Самотракия
Санъати ислом
[вироиш | вироиши манбаъ]Шӯъбаи санъати мусулмонӣ дар шӯъбаи санъати Лувр аз соли 1893 вуҷуд дорад. Соли 1932 шӯъбаи нави санъати Осиё таъсис ёфт, ки ба он тамоми осори тамаддуни исломии Лувр интиқол дода шуд. Дар соли 1945 осори тамаддунҳои Осиё ба Осорхонаи Гиме интиқол дода шуд ва бахши навтаъсиси исломӣ дар шӯъбаи Шарқи Қадими Лувр боқӣ монд. Дар соли 1993 азнавташкилдиҳии Лувр имкон дод, ки беш аз 1000 метри мураббаъ майдони намоишгоҳ ба санъати исломӣ ҷудо карда шавад ва дар соли 2003 шӯъбаи алоҳидаи санъати исломӣ таъсис дода шуд. Дар маҷмӯаи шӯъба осори тамаддуни исломӣ аз Испания то Ҳинд, аз бавуҷуд омадани тамаддуни исломӣ то асри XIX гирд оварда шудааст.
Директорон
[вироиш | вироиши манбаъ]- Барон Виван-Денон (1804—1816),
- граф Луи де Форбен (1816—1841),
- Альфонс де Кайё (1841—1848),
- Эмилиан де Нёверкерке (1850—1852),
- Фредерик Вилло (1870—1874),
- Ҷорҷ Салл (1945—1957),
- Андре Парро (1968—1972),
- Жан-Люк Мартинес (2013—2021),
- Лоранс де Кар (аз сентябри 2021).
Ташриф
[вироиш | вироиши манбаъ]
Осорхона ба ғайр аз сешанбе ҳар рӯз барои меҳмонон боз аст[6]. Даромад пулакӣ аст (дар соли 2019 — 17 евро ҳангоми хариди онлайн, 15 евро дар сайт дар касса)[7], як қатор гурӯҳҳои меҳмонон (аз ҷумла шахсони то 18-сола ва маъюбон) ройгон дохил мешаванд[8]. Дар толорҳои намоишгоҳи доимӣ аксбардорӣ бидуни дурахш (вспышка) иҷозат дода мешавад.
Филмҳои ҳуҷҷатӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- О спасении директором Национальных музеев Франции Жаком Жожаром коллекций Лувра от разграбления во время нацистской оккупации Франции.
- 2016 — История Лувра / Les batailles du Louvre (реж. Сильвен Бержер / Sylvain Bergère)
Ҳамчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]- Толори 700 — Расми фаронсавӣ, Романтизм, Озодӣ пешвои мардум, Рафти Медуза
- Зали 702 — Расми фаронсавй, классицизм, портрети хонум Рекамье, точгузории Наполеон, Одалиски бузург.
- Толори 711 — Расми Италия, Мона Лиза, Мактаби Венетсия, Издивоҷ дар Канаи Ҷалил
- Ҳуҷраи 801 — Рубенс, Галереяи Медичи
- Галереяи калони Лувр
- Рӯйхати утоқҳои Лувр
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Национальная библиотека Франции — 1537.
- ↑ Art's most popular (ингл.): Exhibition and museum visitor figures 2021 // The Art Newspaper — 2022. — ISSN 0960-6556
- ↑ https://www.history.com/this-day-in-history/louvre-museum-opens
- ↑ Лувр побил собственный рекорд по посещаемости. 3 Январ 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 Январ 2019.
- ↑ Анна Волохова. Музеям не нравится тишина(рус.). Интернет-версия газеты «Ведомости» (17 Декабри 2020). 18 Декабри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 Декабри 2020.
- ↑ Hours, Admission & Directions | Louvre Museum | Paris(англ.). www.louvre.fr. 15 май 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 май 2018.
- ↑ Hours, Admission & Directions | Louvre Museum | Paris(англ.). www.louvre.fr. 15 май 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 май 2018.
- ↑ Free admission to the Musée du Louvre | Louvre Museum | Paris(англ.) (15 December 2017). 15 май 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 май 2018.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сомов А. И. Лувр // Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона : в 86 т. (82 т. и 4 доп.). — СПб., 1890—1907.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- louvre.fr — вебгоҳи расмии Лувра (фр.)
- Virtual reality gallery with fullscreen panoramas of the Louvre(англ.)
- The Louvre in 360°(фр.)
- Louvre; world’s most — attended museum(англ.)