Луз Стелло Луэнгас

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Луз Стелло Луэнгас
англ. Luz Stella Luengas
Ном ба ҳангоми таваллуд:

Luz Stella Luengas

Санаи таваллуд:

13 феврал 1962(1962-02-13) (58 сол)

Зодгоҳ:

Меделлин, Антокия, Колумбия

Шаҳрвандӣ:

 Колумбия

Касб:

ҳунарпеша
модел

Карера:

1992-то ҳол

IMDb:

ID 0525123

Луз Стелло Гуэнгас (испанӣ: Luz Stella Luengas; тав. 13 феврал 1962, Меделин, Антокия, Колумбия) — ҳунарпеша ва модели машҳури колумбӣ. Ӯ барои ҳунарнамоӣ дар теленовеллаҳои Амрикои Лотинӣ муаррифӣ шудааст. Луз Стеллоро зиёдтар нақши Ана Мария Франко дар силсилафилми машҳури «Падарон ва фарзандон» (испанӣ: Padres e Hijos) машҳур намудааст.

Эҷодиёт дар синамо[вироиш]

Луз Стелло Луэнгас фаъолияти ҳунарии худро соли 1991 оғоз намуда, дар силсилафилми телевизионии "¿Por qué mataron a Betty ?" нақши Фабиола Аларкон де Посадаро бозидааст. Соли 1992, ӯ ҳамчун Ана Мария Франко дар силсилаи телевизионии Padres e hijos нақши марказиро бозидааст. Соли 2000, ӯ дар силсилафилмҳои La reina de Queens, Entre amores ва филми Zapping, нақш бозидааст. Соли 2001 дар силсилафилми шабакаҳои Телемундо ва Caracol Television, Luzbel está de vista бо Волтер Диаз, Мария Ҳелено Доеринг ва Маргарита Ортега ҳунарнамоӣ намудааст.

Соли 2004 нақши дуюмдараҷаи Клементина Дивазро дар силсилафилми "Ман ба ту дӯст доштанро меомӯзам" (Te voy a enseñar a querer), миёни ҳунарпешаҳо Мигел Варонӣ, Данна Гарсия, Мишел Браун, Мартин Карпан, Катрин Сиачоке, Ана Лусия Домингез ва Адриана Кампос ҳунарнамоӣ намудааст.

Соли 2008, нақши Эстер де Обергонро дар силсилафилми "Товон" (La traición), бозидааст, ки қаҳрамони ӯ модари Соледод (Данна Гарсия)-ро тасвир мекунад ва барои сарват шуда, духтарашро бо яке аз бародарони де Медина (Марио Симарро), оиладор мекунад, дар сурате ки Соледод Ҳуго де Мединаро дӯст медорад ва зидди ин издивоҷ мебошад.

Соли 2009 Луз Стелло дар теленовелаи 209-қисмаи шабакаи Caracol Televisión, "Gabriela, giros del destino", нақши намоёнро иҷро намудааст. Соли 2010, ӯ нақши Зорайда - мусулмонзани марокаширо дар теленовелаи "Ҳамсон", бо ҳунарпешаҳои машҳур : Сандра Эчеварриа, Маурисио Очманн, Саул Лисазо, Хуан Пабло Раба, Даниэл Луго ва дигарон ҳунарнамоӣ намудааст.

Аз соли 2011 то 2020 Луз Стелло дар теленовелаҳои зиёде нақш офаридааст.

Филмнома[вироиш]

Теленовелаҳо[вироиш]

Филм[вироиш]

  • Postales colombianas (2011)
  • Infraganti (2009)
  • Ni te cases ni te embarques (2008)
  • A veces sueño (2007)
  • De la ausencia (2007)
  • Fiebre de tango (2007)
  • Al otro lado de la ventana (2006)
  • La voz de las alas (2005)
  • Karma (2004)
  • El Cristo de Plata (2004)
  • La fiesta de Quince (2003)
  • Visitas (2003)
  • Te busco (2002)
  • Zapping (2000)
  • Es Mejor ser Rico que Pobre (1999)
  • Calibre 35 ( 1998)
  • Billete es lo que hay (1997)
  • Lecciones Barrocas (1996)
  • La historia de Jhonny (1995)

Театр[вироиш]

  • Cómo aprendí a manejar
  • La mosca
  • Emisiones de medianoche
  • Serenata cross-over
  • In-Habitados

Ҷоизаҳо[вироиш]

Ҷоизаи India Catalina[вироиш]

Сол Категория Теленовела ва силсилафилм Натиҷа
1990 Беҳтарин ҳунарпешаи дуюмдараҷа ¿Por qué mataron a Betty si era tan buena muchacha? Номзадшуда
Беҳтарин ҳунарпешаи сол Номзадшуда

Ҷоизаи TVyNovelas[вироиш]

Сол Категория Теленовела ва силсилафилм Натиҷа
1999 Ҳунарпешаи асосӣ дар силсилафилми дӯстдошта Падарон ва фарзандон Номзадшуда

Ҷоизаи Macondo[вироиш]

Сол Категория Кор Натиҷа
2012 Беҳтарин ҳунарпеша дар нақши марказӣ Postales Colombianas Номзадшуда

Эзоҳ[вироиш]