Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Луис Игнарро

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Луис Игнарро
Таърихи таваллуд 31 май 1941(1941-05-31)[1][2][3] (84 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Фазои илмӣ endothelium[d]
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Луис Игнарро (англ. Louis J. Ignarro; зод. 31 май 1941[1][2][3], Бруклин[d], иёлати Ню-Йорк) — фармакологи амрикоӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Донишгоҳи Колумбия (1962). Дар Донишгоҳи иёлати Миннесот дараҷаи доктори фармакологияро гирифтааст. Проф. шуъбаи фармакологияи Донишгоҳи Орлеанаи Нав (1979-85), проф. Донишгоҳи Лос-Анҷелес (1985). Аз соли 1994 профессори шуъбаи фармакологияи молекулавӣ ва тиббии Мактаби тиббии Донишгоҳи Лос-Анҷелес. Оид ба василаи пайвастҳои фишорфарор, рафъи ташаннуҷ ва таъсири моддаҳои гуногуни зидди суддабандӣ, хосса нитроглитсерин, ки дар андомгони одам ва ҳайвон қобили ҳосил кардани оксиди нитроген аст, пажӯҳиш анҷом додааст. Соли 1998 (ҳамроҳи Ф. Мурад, Р. Ферчгот) барои кашфи «аҳаммияти оксиди нитроген ҳамчун молекулаи огоҳсоз дар кори танзими силсилаи дилу рагҳо» сазовори мукофоти Нобел гардидааст.