Луи Массинён
Луи Массинён | |
|---|---|
| фр. Louis Massignon | |
| | |
| Таърихи таваллуд | 25 июли 1883[1][2][3][…] |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 31 октябри 1962[1][3][5][…] (79 сол) |
| Маҳалли даргузашт | |
| Кишвар | |
| Фазои илмӣ | шарқшиносӣ, исломшиносӣ ва арабшиносӣ |
| Ҷойҳои кор |
|
| Алма-матер | |
| Шогирдон | Henry Corbin[d] |
| Ҷоизаҳо | |
Луи́ Массинён (фр. Louis Massignon; 25 июли 1883, Ножан-сюр-Марн, Вал-де-Марн — 4 ноябри 1962, Пордик, Бретан) — шарқшинос, исломшинос ва арабшиноси машҳури фаронсавӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар соли 1896 Лисейи Людовики Бузургро (ки дар он ҷо ҳамроҳи чиншинос Анри Масперо таҳсил мекард) бо дараҷаи бакалавр хатм намуд. Соли 1902 Коллеж де Франсро хатм карда, барои рисолааш дар бораи Оноре д’Юрфе дараҷаи лисенсиат гирифт.
Соли 1908 ҳангоми сафар ба Байнаннаҳрайн (Месопотамия) ба гумони ҷосусӣ қариб буд ба қатл расад; дар маҳбас ӯ таҷрибаи мистикиро аз сар гузаронд, ки ин боиси рӯ ба дин овардани ӯ шуд. Роҳиб Шарл Эжен де Фуко ӯро даъват кард, ки дар байни туарегҳо ҳамчун зоҳид зиндагӣ кунад ва ба Массинён васият кард, ки конгрегатсияи роҳибони католикии «Бародарони хурдии Исо»-ро таъсис диҳад.
Аз соли 1919 — профессори Сорбонна, президенти Институти эроншиносӣ (Сорбонна). Аъзои бисёр академияҳо ва ҷамъиятҳои илмӣ, аъзо-корреспонденти хориҷии Академияи илмҳои ИҶШС аз соли 1924 мебошад.
Дар соли 1931 Массинён бо номи Иброҳим ба силсилаи франсисканиҳо дохил шуд. Соли 1934 дар калисои партофташудаи франсискании Дамйетта (Миср), ки дар он ҷо Франсиски Ассизӣ соли 1219 бо султон Ал-Комил мулоқот карда буд, маросими динӣ баргузор намуд. Соли 1949 бо иҷозати папа Пийи XII ба калисои юнонӣ-католикӣ гузашт, то ба масеҳиёни араб ва мусулмонон наздиктар бошад. Фарқияти ин калисо дар он буд, ки ба ӯ, бо вуҷуди оиладор буданаш, иҷозати рӯҳонӣ (кашиш) шудан дода шуд, ки ин маросим соли 1950 баргузор гардид.
Ҳамчун католики устувор, Луи Массинён ба умумияти ислом бо масеҳият ҳамчун дини иброҳимӣ таъкид мекард. Асарҳои ӯ дар роҳандозии муколамаи байни калисои католикӣ ва мусулмонон нақши муҳим бозиданд ва худи ӯ бо бисёр мутафаккирони мусулмон, аз ҷумла ҷомеашиноси динии чапгаро Алии Шариатӣ муошират дошт. Аз назари сиёсӣ ӯ пайрави ғояҳои Маҳатма Ганди буд.
Мақоми муҳимро дар таҳқиқоти Л. Массинён таърихи фарҳанги мусулмонӣ, тасаввуф (мистисизм), фирқаҳо, фарҳанги араб, фалсафа ва забоншиносӣ ишғол мекунанд. Асарҳои олим дар асоси истифодаи миқдори зиёди сарчашмаҳо, аз ҷумла бисёр манбаъҳои қаблан номаълум, навишта шудаанд. Ба қалами ӯ таҳқиқоти амиқ дар бораи орифи машҳур Мансури Ҳаллоҷ, саҳобаи Паёмбар Муҳаммад (с) Салмони Форсӣ ва аҳамияти ҳазрати Иброҳим (а) барои динҳои тавҳидӣ тааллуқ доранд. Бо вуҷуди ин, асари чорҷилдаи Массинён дар бораи Мансури Ҳаллоҷ аз ҷониби Эдвард Саид дар китоби машҳураш «Ориентализм» мавриди интиқод қарор гирифтааст.
Ӯ инчунин маҷаллаи «Revue de monde musulman» (аз соли 1918 «Revue des etudes islamiques»)-ро таҳрир мекард.
Дар байни шогирдони Массинён олим Анри Корбен низ буд.
Асарҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- La passion d’al-Halladj, martyr mystique de l’islam, Paris 1922
- Essai sur les origines du lexique technique de la mystique musulmane, Paris 1922
- Recueil de textes inedits concernant l´histoire de la mystique en pays d’islam, Paris 1929.
- Луи Массиньон. Введение in инвентарь арабской герметической литературы.
- Луи Массиньон. Проникновение астрологии в исламскую религиозную мысль. // Тарҷ. Илья Филоненко.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 2 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ база данных Léonore (фр.) — ministère de la Culture.
- 1 2 https://www.dwc.knaw.nl/biografie/pmknaw/?pagetype=authorDetail&aId=PE00001780 (ингл.)
- 1 2 Deutsche Nationalbibliothek Record #118782460 // Gemeinsame Normdatei (нем.) — 2012—2016.
- ↑ Brockhaus Enzyklopädie (нем.) — F.A. Brockhaus, 1796.
- ↑ Список профессоров Коллеж де Франс
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Беляев Е. А. Луи Массиньон. «Народы Азии и Африки». 1963. № 4.
- Журавский А. А. Луи Массиньон и современное католическое исламоведение // Христианство и ислам: социокультурные проблемы диалога. М.: Наука, 1990. 128 с.
- Крачковский И. Ю., Бартольд В. В., Ольденбург С. Ф. Записка об учёных трудах Луи Массиньона. // «Известия Российской академии наук. VI серия». — 1924. — Т. 18.
- Массиньон Луи // Большая советская энциклопедия : [в 30 т.] / гл. ред. А. М. Прохоров. — 3-е изд. — М. : Советская энциклопедия, 1969—1978.
- Bibliographie de Louis Massignon, reunie et classee par J. Moubarac. — Damas, 1956.
- Зодагони 25 июл
- Зодагони соли 1883
- Википедия:Саҳифаҳо бо занҷираи ҷуғрофии гуногунмаъно
- Даргузаштагони 31 октябр
- Даргузаштагони соли 1962
- Даргузаштагони Порис
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Аъзои хориҷии Академияи илмҳои ИҶШС