Лутфулло Бузургзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Лутфулло Бузургзода
Лутфулло Бузургзода
Санаи таваллуд:

1909(1909)

Зодгоҳ:

Навгилем, шаҳри Исфара

Санаи марг:

12 март 1943(1943-03-12)

Маҳалли марг:

шаҳри Исфара

Мамлакат:

 Тоҷикистон Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

забоншиносӣ

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои филология

Унвонҳои илмӣ:

профессор

Лутфулло Бузургзода (1909, деҳаи Навгилеми шаҳри

Исфара - 12 ноябри соли 1943, деҳаи Прудкаи вилояти Витебски Белоруссия), забоншинос ва адабиётшиноси муосири тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон‎ (1940). Иштирокдори ҶБВ (1941-1945)

Зиндагинома[вироиш]

Маълумоти миёнаро дар Исфараю Қазон ва олиро дар Самарқанду Ленинград гирифтааст. Бузургзода чанд вақт муҳаррири нашриёт ва асосан муаллими ИДПД ва ба сифати ходими илмии Базаи Тоҷикистонии АИ СССР ҳам кор мекард. Аъзои ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Шарқи Сурх», раиси бахши танқид ва адабиётшиносии ИН Тоҷикистон, раиси куматаи ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи ходимони илм ва мактабҳои олии Тоҷикистон. Соли 1941 ихтиёран ба ҷанг рафта, дар майдони муҳориба ҳалок гардид.

Эҷодиёт[вироиш]

Дар забоншиносӣ, шевашиносӣ, фолклор ва адабиётшиноси осори нисбатан зиёде боқи гузоштааст: «Зада дар забони адабии тоҷик», «Фонетикаи забони адабии тоҷик» (1940), «Морфологияи забони тоҷикӣ» (1941), «Синтаксиси забони тоҷикӣ» (1942), «Шеваи тоҷикони Чилгазӣ» (1936), «Шеваи Ворух», «Дар бораи шеваи тоҷикони Сӯх», «Шаклҳои феълии якчанд шеваҳои районҳои шимолӣ», «Шеваи Ленинобод» (1937), «Баъзе хусусиятҳои забони аҳолии Самарқанд» (1938), «Харитаи диалектологии шеваҳои тоҷикии водии Фарғона» (1939) «Очерки мухтасари диалектологияи тоҷик» (1939), «Гуруғли ва сайри таърихии он», «Достонгӯй ва шоири халқи Бобоюнус», «Чистонҳо ва зарбулмасалҳои тоҷикӣ» (1940), «Инъикоси шӯриши Восеъ дар фолклор» (1941), «Носири Хусрав ҷӯяндаи ҳақиқат ва адолат» (1949), «Хоконии Шервонӣ ва Сайфи Исфарангӣ», «Мақоми «Бӯстон» дар эҷодиёти Саъдӣ», «Рисолаи мусиқии Ҷомӣ ва маданияти мусиқии халқи тоҷик» ва ғ. Қисми асосии ин таълифот дар филологияи тоҷик имрӯз ҳам муҳиманд. Бузургзода аз аввалин ташаббускорон ва ҷӯяндагони мазори устод Рӯдакист. «Бузургзода ба Рӯдак рафта он ҷоро ҳам ба чашми худ дид ва тафтиш намуда маълумотро тасдиқ ва таъкид карда омад. Бо ҳамин ихтилофи чандинасра бартараф шуда, қабри Рӯдакӣ, ки устод Рӯдакӣ аз он ҷост, муайян гардид» (С.Айнӣ, куллиёт.ҷ.11,кит.1,саҳ.158-159). Ҳамроҳи Холиқ Мирзозода ва Ҷалол Икромӣ тазкираи «Намунаҳои адабиёти тоҷик»-ро низ тартиб дод, ки он с.1940, зери таҳрири Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода дар ҳаҷми 40 ҷузъи чопӣ ба табъ расид. Китоби «Гуруғлӣ»-ро ҳамроҳи Мирсаид Миршакар дар Ленинград ба нашр расонд.

Адабиёт доир ба Л. Бузургзода[вироиш]

  • С.Айнӣ. Куллиёт. ҷ.11, кит.1, С. 158-159