Лут (дар инҷил)
Лут (لوط — муарраби ибронии לוט [Лот] — парда, чодар), Ибни Ҳорон ибни Торах, бародарзодаи Иброҳим (а) — яке аз паёмбарони банӣ Исроил, ки зикри номаш дар Библия (беш аз 30 бор) ва дар Қуръон (27 бор) рафта, достонаш бо баъзе тафовуту ихтилофҳо дар ҳар ду китоб муфассал баён шудааст.
Достони Лут дар чандин сура (7:80-84; 11:75-83; 15:57-77; 21:71, 74-75; 26:160-175; 27:54-58; 29:28-35; 37:133-138; 51:31-37; 54:33-38) омадааст. Тибқи достонҳои қуръонӣ ва ривоятҳо, Лут яке аз паёмбарони мурсал буд (Қуръон, 37:133). Ӯ ҳамроҳи Иброҳим (а) аз Бобил ба Ҳаррон муҳоҷират кард; онҳо аз он ҷо ба Шом ва аз Шом ба Фаластин рафтанд ва Лут он ҷо бимонд. Худованд Лутро бар 4, 5 ё 7 шаҳр ё деҳа пайғомбарӣ дод. Ин шаҳрҳо бо номи умумии Муътакифот (9:70; 69:9) ва Муътакифа (52:53) ёд шудаанд. «Муътакифа деҳистони қавми Лут буд, ки Ҷабраил онро воруна кард. Ва панҷ деҳкада буд, ба номи Саъба ва Саъра ва Амура ва Думо ва Садум, ки деҳкадаи бузург буд» («Таъриху-р-русули ва-л-мулук»). Он қавм бо амалҳои зишту хабис, аз қабили роҳзаниву мардумозорӣ ва алалхусус, ливотат, машғул буданд. Лут онҳоро ба пайравӣ аз роҳи рост ва дасткашӣ аз ин афъоли хабис мехонд, аммо онҳо натанҳо ба сухани ӯ гӯш наандохтанд, балки ӯро таҳдид карданд, ки аз шаҳрашон берунаш кунанд (7:80-82; 26: 167).
Барои ҷазо додани қавми Лут Худованд фариштагонро фиристод. Лут онҳоро ба хонаи худ бурд. Зани Лут кофира буд, қавмро аз қудуми меҳмонон огоҳ кард. Онҳо рӯ ба хонаи Лут оварданд, ӯ аз бим дари хонаро бибаст. Сипас гуфт, ки духтаронашро ба занӣ бигиранд. "Гуфтанд: «Ту медонӣ, ки моро ба духтарони ту ҳоҷате нест ва ту медонӣ, ки мо чӣ мехоҳем» (11:79). Фариштагон худро ба Лут ошкор карданд ва гуфтанд, ки дарро боз кунад. Чун он қавм ба наздики меҳмонон расиданд, Ҷабраил (а) боде бар рӯи онҳо дамид, чашму даҳону биниашон як ва рӯяшон нопадид шуд (54:37). Фариштагон Лутро фармуданд, ки дар поси ахири шаб ҳамроҳи аҳли хонадонаш аз он ҷо берун биравад. «Ва бояд ки ҳеч кас аз шумо вопас нанигарад, магар зани ту, ки он чи ба ин қавм мерасад, ба ӯ (низ) расиданӣ аст… Пас, чун фармони Мо омад, забари он деҳаҳоро зери он (яъне, вожгун) сохтем ва бар он ҷо сангҳое аз (навъи) санггили таҳ ба таҳ боридем» (11: 81-82). Дар ҷои он кӯли азиме пайдо шуд (Баҳри Мурда). Лут ҳамроҳи духтаронаш пеши Иброҳим (а) омад. Соле назди ӯ бимонд, сипас ба Ҳиҷоз рафт ва дар синни 80-солагӣ он ҷо фавтид.
Аммо ба ривояти Библия, «Худованд бар Садӯм ва Амӯро кибрит ва оташ аз осмон боронид. Ва он шаҳрҳову тамоми водӣ, инчунин ҳамаи сокинони шаҳрҳо ва набототи заминро вожгун сохт. Вале зани Лут аз ақиби ӯ нигарист ва сутуни намак шуд» (Аҳди Қадим, китоби Ҳастӣ, 19: 24-26).
Он Худованде, ки ҳангоми саҳар
Кард қавми Лутро зеру забар. (Аттор).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Лут / С. Маҳмадуллоҳ // Косон — Қурбон. — Д. : СИЭМТ, 2023. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 11). — ISBN 978-99985-0-053-2.
- Ислам: Энциклопедический словарь. М., 1991; Али-заде А. Исламский энциклопедический словарь. М., 2007;
- Табарӣ Муҳаммад ибни Ҷарир. Таъриху-р-русули ва-л-мулук. Кит. 1. Д., 2014;
- قدس ميرحيدری جعفر. تاريخ انبيا (قصص القرآن). تهران، ١٣٨٤ ش