Людвиг Болсман
олмонӣ: Ludwig Eduard Boltzmann | |
Таърихи таваллуд | 20 феврал 1844[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 5 сентябр 1906[1][4][5][…] (62 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | физики назарӣ[d] |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори фалсафа[d][8] (1866) |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Josef Stefan[d][9] |
Шогирдон | Paul Ehrenfest[d], Marian Smoluchowski[d] ва Friedrich Hasenöhrl[d] |
Ҷоизаҳо | |
Имзо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Людвиг Болсман (олмонӣ: Ludwig Eduard Boltzmann; 20 феврал 1844[1][2][3][…], Вена, Имперотурии Утриш[d][6][7] — 5 сентябр 1906[1][4][5][…], Duino-Aurisina[d], Austrian Littoral[d], Утриш-Маҷористон[d][7]) — физикдони назарии аҳли утриш, яке аз асосгузорони физики оморӣ ва кинетикаи физикӣ. Узви АИ Вена (1895) ва бисёр академияҳои ҷаҳон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Донишгоҳи Вена (1866). Профессори физикаи назариявии Донишгоҳи Гратс (1869-73), професори риёзиёти Донишгоҳи Вена (1873-76), профессори физикаи таҷрибавии Донишгоҳи Гратс (1876-89). Солҳои 1889—1902 дар Мюнхен, Вена, Лейпсиг роҳбари кафедраи физикаи назариявӣ буд. Людвиг Болсман доир ба риёзиёт, механика, ҳидродинамика, назарияи чандирият, назарияи майдони электромагнитӣ, оптика, термодинамика ва назарияи кинетикии газҳо асарҳои илмӣ эҷод кардааст. Корҳои илмии Людвиг Болсман доир ба назарияи кинетикии газҳо ва аз ҷиҳати оморӣ асоснок кардани термодинамика пурарзишанд. Людвиг Болсман қонуни тақсимоти суръатҳои молекулаҳои газро, ки Ҷ. К. Максвелл ёфта буд, умумият дод ва формулаи «тақсимоти Болсман»-ро муқаррар намуд. Муодилаи асосии назарияи кинетикии газҳо ва қонуни таксимоти молекулаҳои газиро аз рӯйи импулс ва координатаашон кашф карда, энтропияи силсила (система)-и физикиро бо эҳтимолияти ҳолати он алоқаманд ва хосияти омории ибтидои дуюми термодинамикиро исбот намуд (1872). Қазияеро бо номи «Н-теорема» формулабандӣ ва маънидод кардааст, ки асоси назарияи ҳолати барнагарданда маҳсуб мешавад. Қонунҳои термодинамикиро ба афканишот татбиқ намуда, қонуни афканишоти ҳароратиро аз ҷиҳати назариявӣ кашф ва бо мулоҳизаҳои термодинамикӣ мавҷудияти фишори рӯшноиро пешгӯӣ кардааст. Бо номи Людвиг Болсман дар физика доими (собита)-е номгузорӣ шудааст (1,38∙10-23Ҷ/К). Людвиг Болсман ҳамчунин бо таҳқиқоти худ дар соҳаҳои фалсафаи илм ва методологияи илм маъруф аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 Архив по истории математики Мактьютор — 1994.
- ↑ 3.0 3.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 4.0 4.1 Gran Enciclopèdia Catalana (кат.) — Grup Enciclopèdia, 1968.
- ↑ 5.0 5.1 Brozović D., Ladan T. Hrvatska enciklopedija (хорв.) — LZMK, 1999. — 9272 с.
- ↑ 6.0 6.1 Больцман Людвиг // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ 7.0 7.1 7.2 7.3 https://www.accademiadellescienze.it/accademia/soci/ludwig-boltzmann (итол.)
- ↑ Математическая генеалогия (ингл.) — 1997.
- ↑ Математическая генеалогия (ингл.) — 1997.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Болсман Людвиг / А. Комилӣ // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.