Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Людмила Зикина

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Людмила Зикина
русӣ: Людмила Зыкина
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 10 июни 1929(1929-06-10)[1][2]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1 июли 2009(2009-07-01)[3][2] (80 сол)
Маҳалли даргузашт
Солҳои фаъолият аз 1947
Кишвар
Пеша(ҳо) ҳунарпеша, овозхон, омӯзгори мусиқӣ
Навъи садо метсо-сопрано[d]
Соз гитор ва Баян
Сабк эстрада, мусиқии фолклор[d], Романс ва Russian folk song[d]
Ношир(он) Мелодия[d]
Ҷоизаҳо
Соядаст
Соядаст
 Парвандаҳо дар Викианбор

Людмила Георгиевна Зикина (русӣ: Людмила Георгиевна Зыкина; 10 июни 1929[1][2], Маскав[1]1 июли 2009[3][2], Маскав) — сарояндаи шӯравии рус. Артисти халқии ИҶШС (1973), Қаҳрамони Меҳнати Сот­сиалистӣ (1987).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз соли 1942 дар маҳфилҳои ҳаваскорони санъат фаъолона иштирок ме­кард. Солисти Хори хал­қии Руссия ба номи М. Е. Пятнитский (1947-49). Сол­ҳои 1950 дар Хори суруд­ҳои халқии русӣ дар Телевизион ва Радиои мар­казӣ сароян­да­гӣ кардааст. Баъдан солисти Москонсерт (аз 1960) буд ва бо Оркестри эстрадӣ-сим­фо­нии Радиои умуми­итти­фоқӣ ва Телевизиони марказӣ ҳу­нар­намоӣ мекард. Соли 1977 Донишкадаи мусиқӣ-омӯз­го­рии ба номи Гнесинҳоро хатм кард. Аз соли 1977 роҳ­бари бадеӣ ва солисти ансамбли «Руссия» буд. Зикина бо овози баланду форам ва лаҳни табиӣ оҳанг­ҳоро бисёр хушу форам ва равон мехонд. Сарояндаи су­руд­ҳои хал­қии русӣ (аз ҷумла бе ҳамовозӣ — давомдор), романсҳои қади­мӣ, сурудҳои оҳангсозони муосир, аз ҷум­ла «Мадон­наҳои рязанӣ»-и А. Долуханян, «Оби Волга ра­вон аст»-и М. Г. Фрадкин (шеъри Л. И. Ошанин), «Рӯй­моли орен­бургӣ»-и Г. Ф. Пономаренко (шеъри В. Ф. Боков). Барои Зикина шоирон А. П. Долуханян, А. Г. Новиков, А. Н. Пах­мутова ва дигарон сурудҳо эҷод намудаанд. Зикина дар ИҶШС шуҳрати баланд дошт ва ба ҳамаи ҷумҳуриҳои шӯравӣ, ин­чунин бисёр кишварҳои хориҷӣ сафарҳои ҳунарӣ кардааст.

Дорандаи Мукофоти ленинӣ (1970), Мукофоти дав­ла­тии ҶШФСР (1983). Бо орденҳои Ленин (1979, 1987), Анд­рей Первозваннийи Муқаддас (2004), «Барои хидмат дар назди Ватан» (дараҷаи 2) сарфароз гардидааст.

  1. 1 2 3 4 Зыкина Людмила Георгиевна // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  2. 1 2 3 4 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  3. 1 2 http://www.turkishweekly.net/news/82889/-ussr-people-s-artist-lyudmila-zykina-died-.html