Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Қайсарӣ (шоир)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Мавлоно Қайсари Ҳамадонӣ)
Қайсарӣ (шоир)

Қайсарӣ, Мавлоно Қайсари Ҳамадонӣ, машҳур ба Қайсарбек (? — 1613, Гуҷарот) — шоири форсзабони Ҳиндустон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Авҳадӣ дар «Арафоту-л-ошиқин ва арасоту-л-орифин» зодгоҳи ӯро Саргони Ҳамадон гуфтааст. Тибқи маълумоти ӯ Қайсарӣ шахси «латифтабиат, зирак, хушфаҳм буд ва татаббуи ашъор карда». Баъзе тазкиранависон ӯро Шерозӣдонистаанд. Дар ҷавонӣ ба Ҳиндустон рафтааст. Ба қавли Ҳусайнқулихони Азимободӣ (тазкираи «Ништари ишқ»), Қайсарӣ «марде рангинмизоҷу хушхулқ ва хушихтилот буд ва тарзи сухансароии устувор дошт».

Ин абёт аз ӯст:

Намунаи зер аз ӯст:

Чанде чу гадо ба гирди ҳар дар гаштам,
Як чанди дигар надиму чокар гаштам,
Аз ҳеч дарам чу барнаёмад мақсуд,
Тарки ҳама кардаму тавонгар гаштам.