Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Мавлоно Қанбарӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мавлоно Қанбарӣ

Мавлоно Қанбарӣ (форсӣ: مولانا قنبری‎; қарни XV — қарни XVI) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Доир ба давраи ҷавонӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва фаъолияти шоирии Мавлоно Қанбарӣ дар маъхазҳои илмию адабӣ маълумот хеле кам аст. Мавлоно Қанбарӣ марди оммӣ буд ва аз сабаби истеъдоди баланд ва назира гуфтан ба ашъори гузаштагон шуҳрат пайдо кард. Бино ба қавли Навоӣ, Мавлоно Қанбарӣ аз Нишопур аст ва илмҳои маъмули замонашро дар зодгоҳаш омӯхтааст. Барои такмили дониш ба Ҳирот омад ва аз суҳбати Навоӣ баҳра бурдааст. Охири умри Мавлоно Қанбарӣ дар Машҳад гузаштааст. Мавлоно Қанбарӣ табъи баланди шоирӣ дошт ва ашъораш мақбули хоссу ом буд. Асосан ба ғазал ва қасида таваҷҷуҳ дошта, дар қасидае султон Бобурро мадҳ кардааст. Тибқи маълумоти Давлатшоҳи Самарқандӣ («Тазкирату-ш-шуаро») Мавлоно Қанбарӣ: «Қасоидро муҳкам ва пурмаонӣ мегӯяд ва баъзе афозил дар кори ӯ мутаҳаййир будаанд. Ва ӯро дар ҷавоби қасоиди акобир имтиҳон мекарданд ва сухани ӯро муҳкам меёфтанд».

Ин қасида аз ӯст:

Ин гуҳарҳо бин, ки дар дарёи ахзар кардаанд,
З-ин машоил оташи хур бин, ки чун бар кардаанд.
Киштии симобгун дар баҳри қалъӣ рондаанд,
Байзаи кофур дар ташти муанбар кардаанд.
Оташин аҷромро ҳамчун саре бе дасту по,
Андар ин баҳри зумуррадгун шиновар кардаанд.
Бар маҷарра бадр бар кирдори мизоне бувад,
К-аш амуд аз сими хому каффа аз зар кардаанд.
Менамояд ҷавҳаре қоим ба эҷоди араз,
Андар ибдоъ аз араз қоим ба ҷавҳар кардаанд.
Ин мудаххан миҷмари симобгун бин, к-андар ӯ,
Садҳазорон ахгар аз аҷроми ахтар кардаанд.