Мавҷуда Абдувалиева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Мавҷуда Абдувалиева
Абдувалиева Мавҷуда Мӯъминовна
Таърихи таваллуд: 17 октябр 1924(1924-10-17) (97 сол)
Зодгоҳ: Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон
Фазои илмӣ: педагогика
Унвонҳои илмӣ: профессор
Алма-матер: Донишкадаи давлатии педагогии Ленинобод (1943)
Ҷоизаҳо: Муаллими хизматнишондодаи мактабҳои ҶШС Тоҷикистон (1962)

Мавҷуда́ Абдували́ева (Абдувалиева Мавҷуда Мӯъминовна; 17 октябри 1924, Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон) — педагог, профессор (1994). Муаллими хизматнишондодаи мактабҳои ҶШС Тоҷикистон (1962).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Донишкадаи давлатии педагогии Хуҷанд (1943). Муаллими Техникуми кооперативии шаҳри Хуҷанд (1943 – 46), муаллим, нозири иттифоқи касабаи вилоятии омӯзгорон (1946 – 47), муаллимаи мактаби миёна дар шаҳри Табошар (1947 – 53), муаллима ва директори мактаб дар ҷамоати деҳоти Унҷӣ (1953 – 60), директори мактаб-интернати шаҳри Хуҷанд (1960 – 62), муаллими калон, дотсент ва мудири кафедраи забони русӣ (1962 – 69), декани факултети забон ва адабиёти руси Донишкадаи давлатии педагогии Хуҷанд (1969 – 80). Аз соли 1980 нафақагири шахсӣ. Муаллифи қариб сад асару мақолаи илмӣ, методӣ ва таълимӣ оид ба масъалаҳои такмили усули таълими адабиёти рус дар мактабҳои тоҷикӣ.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Взаимосвязь в переподавании родной и русской летератур в восьмилетней школе, Д., 1965;
  • МПС в преподавании русской литературы, Д., 1990;
  • Совершенствование процесса обучения русской литературы на основе МПС, Д., 1991.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]