Мадаклаштиҳо
Мадаклаштцы | |
|---|---|
| Номи қавмии ҳозира | мадаклашти |
| Шумора | 3635 чел[1]. |
| Сукунат |
|
| Забон | мадаклаштский, кховар, пушту, урду |
| Дин | ислам исмаилитского толка |
| Ҷузъе аз | таджики |
| Хешовандон | пуштуны, персы, нуристанцы |
Мадаклаштӣ як ҷамъияти қавмӣ-забонӣ (этнолингвистии) маҳаллии тоҷикон аст, ки мисли тоҷикони дигари Покистон ба далели ассимилятсияи мардумони дигар забони форсиро намедонанд. Дар водии Мадаклашти ҳавзаи Читрали музофоти Хайбер-Пахтунхва дар шимоли Покистон ва навоҳии атрофи он зиндагӣ мекунанд. Онҳо бо гуфтори мадаклаштӣ ҳарф мезананд. Бархе аз забоншиносон онро гӯиши дарӣ ё тоҷикӣ [2] меноманд, бархеи дигар низ мисли худи мадаклаштиён онро забони мустақили шохаи эронии ғарбӣ медонанд [3]. Онҳо ба исломи исмоилӣ эътиқод доранд [4].
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Аҷдодони сокинони муосири Мадаклашт беш аз дувуним аср пеш аз манотиқи тоҷикзабони шимолу шарқи Афғонистон ба Читрал муҳоҷират кардаанд [5] . Аз он вақт инҷониб онҳо дар ҷудоии нисбӣ аз дигар гӯяндагони шеваҳои форсӣ зиндагӣ мекарданд ва зери таъсири ҳамсоягони нави худ – қавмҳои кҳо, гуҷор ва паштунҳо қарор гирифтанд. Ин омилҳо имкон доданд, ки мадаклаштиён як ҳувияти хосе ба вуҷуд оранд ва ҳам аз тоҷикон ва ҳам аз мардуми бумии Читрал фарқ кунанд [6] .
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Akhunzada, 2018, с. 38.
- ↑ Brief descriptions of the Languages spoken in Chitral. University of Chitral(пайванди дастнорас — таърих). 10 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 феврали 2022.
- ↑ Kreutzmann, 2017.
- ↑ Madaklasht village of Ismaili Muslims sets an example of communal tolerance, harmony. IsmailiMail(пайванди дастнорас — таърих) (9 июни 2014). 10 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 феврали 2022.
- ↑ Israr, 1969.
- ↑ Akhunzada, 2018.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Akhunzada F. Madaklashti: A Persian-Speaking Community Of Northern Pakistan // Archivio per l’Antropologia e la Etnologia. — 2018. — № 148. — С. 35–47.
- Israr D. The people of Chitral: A Survey of their Ethnic Diversity // Pakistan Geographical Review. — 1969. — № 24 (1). — С. 1–13.
- Kreutzmann H. Language Variegation across the Pamir: Hindukush-Karakoram: Perceptions and Mobilities // Südasien-Chronik – South Asia Chronicle. — 2017. — № 7. — С. 251–273.